Фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия барои амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти соҳа, беҳбудии кори муассисаҳои табобатию профилактикӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи беморон, дарёфти таҷҳизоти ҳозиразамон равона карда шудааст.
– Дар соҳаи тандурустии ноҳия 47 духтур, 193 корманди миёнаи тиб фаъолият дорад. Беморхонаи марказӣ аз 6 шуъбаи бистарикунонӣ, 1 дармонгоҳи минтақавии Язгулом, 1 шуъбаи ёрирасон ва 1 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад.
Ҳамчунин, маркази саломатии ноҳия ба 4721 нафар аҳолӣ кумаки аввалия ва хизмати тиббӣ мерасонад. Дар умум, аз тарафи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ давоми соли 2023-юм 57310 нафар бемор қабул шудааст, - иброз дошт Зарина Музаффарова, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ.
Бояд зикр кард, ки дар ноҳия маркази репродуктивӣ низ фаъолият менамояд. Марказ дар байни занон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, сари вақт ба ҳисоб гирифтани занони ҳомила ва аз муоинаи тиббӣ гузарондани онҳоро назорат мекунад. Маркази имунопрофилактикаи ноҳия бошад, дар давоми соли 2023 як қатор корҳоро ба иҷро расондааст.
Эмгузаронӣ дуруст ба роҳ монда шуда, кӯдакон сари вақт ба муқобили бемориҳои фалаҷ, зардпарвин, гулӯзиндонак, кабудсулфа, сурхча эм карда мешаванд. Маркази назорати давлатию санитарӣ-эпидемиологии ноҳия ба 34438 нафар аҳолӣ, ки дар 54 деҳа сукунат доранд, хизмат мерасонад.
Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди бемории сил, мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО-БНММ ва бахши ноҳиявии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ низ, аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда хуб мебароянд. Ин муассисаҳо ба аҳолӣ мувофиқи шароит ва имкониятҳои мавҷуда хизмат мерасонанд.
М. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”