Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, дар замони истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки кишвари мо бо соири давлатҳои ҷаҳон робитаҳои неку ҳасана барқарор намояд. Чунин сиёсати санҷидашуда ва мутавозини хориҷӣ дурнамои муносибатҳои берунаи мамлакатро муайян намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун субъекти фаъол дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ кард. Илова бар ин, сиёсати «дарҳои кушода» имкон дод, ки Тоҷикистон доираи муносибатҳои берунаи худро васеъ ба роҳ монда, шарикони зиёд пайдо намояд.
Бар асоси Консепсияи сиёсати хориҷӣ дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мақоми авлавиятнокро ишғол намуда, ҳамкорӣ ва ҳамгироии густурдаи минтақавӣ василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Кишвари мо робитаҳои ҳасанаи худро аз ҳамин мавқеъ ба амал бароварда, аз оғози истиқлоли давлатӣ бо кишварҳои минтақа робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Кишвари мо, дар баробари тақвияти ҳамешагии робитаҳо бо дигар кишварҳо, ба тавсеаи муносибатҳо бо Туркманистон ҳамчун як кишвари дорои зарфиятҳои хоси минтақавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
Бо барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат моҳи феврали соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ашхобод ба фаъолият шуруъ карда, 26-уми июни соли 1999 Сафорати Туркманистон низ дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд. Ҳоло заминаи шартномавӣ - ҳуқуқии муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Туркманистонро беш аз 100 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳанд.
Тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Туркманистон дар даврони истиқлоли давлатӣ бо мулоқотҳои сершумори расмӣ ва кории президентҳо, аъзои ҳукуматҳо пурра гардида, усул ва ҷараёни инкишофи муносибатҳои дуҷонибаро муайян кардаанд. Дар доираи вохӯриҳои мунтазами сарварони давлатҳо, масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ба таври амиқ баррасӣ гардида, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои тақвияти минбаъдаи онҳо муайян мешуданд.
Созишномаҳои имзошуда, ки пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро асос мебахшанд, ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрукро танзим мекунанд. Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани поки пахта гирифта, дар навбати худ ба ин кишвар молҳои ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти он, инчунин, маҳсулоти кишоварзиро содирот мекунад. Зимнан, байни ду кишвар шарикии муваффақона дар соҳаи ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба роҳ монда шудааст.
Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ дорои ҳусни эътимод буда, сафарҳои расмии мутақобилаи сарварони давлатҳо дар таърихи муносибатҳои дуҷониба самтҳои авлавиятноки ҳамкориро муайян намуданд. Аз ҷумла, 19-20-уми августи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Туркманистон рафтанд, ки ин боздид бо натиҷаҳои баланди таҳрикбахши муносиботи ду кишвар анҷом пазируфт.
Моҳи ноябри соли 2017 зимни сафари расмии Президенти вақти Туркманистон Гурбонгули Бердимухамедов ба Тоҷикистон Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид, ки он муносибатҳои ду давлатро ба сатҳи сифатан нав баровард.
Дар доираи дидору боздидҳои сатҳи олӣ, сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, ки 3-5-уми августи соли 2021 сурат гирифт, барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат аҳамияти хоса дорад. Зеро дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ ва натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар баробари дигар санадҳои нави ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт се санад – Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ ба имзо расид.
Гузашта аз ин, 6-уми августи соли 2021 пас аз анҷоми сафари давлатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ ширкат варзиданд. Дар ин нишаст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳои шоиста дар рушду таҳкими муносибатҳои дӯстона ва мутақобилаи судманд, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ дар фазои тантанавӣ бо нахустин мукофоти олӣ – Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ сарфароз шуданд.
Зимнан, сафари давлатии Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2023 сурат гирифт, дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷониба боз як саҳифаи навро рақам зад. Дар доираи ин сафар, аз ҷониби сарварони давлатҳо Эъломия оид ба таъмиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон имзо шуда, ҳамчунин 23 санади дигари ҳамкорӣ низ ба тасвиб расид.
Қобили зикр аст, ки дар густариш ва таҳкими минбаъдаи шарикии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ нақши Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ назаррас буда, зимни ҳар як нишаст дар доираи он ҷонибҳо ба мувофиқаҳои нав даст меёбанд. Гузашта аз ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Бо ташаббуси роҳбарияти сатҳи олии ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки барои густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Чунончи, моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри соли 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Айни замон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон, ки аз 3-юми апрел оғоз ёфта, то 5-уми апрели идома хоҳад кард, ҷараён дошта, густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ байни давлатҳо ҳадафи асосии баргузории ин чорабинии муҳим ба шумор меравад.
Дар маҷмуъ, муносибатҳои ду кишвари дӯст тамоюли мунтазами рушдкунанда дошта, интизор меравад, ки дар оянда низ бо истифодаи тамоми имкону захираҳои ҳамкорӣ сатҳи равобити Тоҷикистон ва Туркманистон уфуқҳои нав касб карда, ба манфиати ҳар ду ҷониб хидмат хоҳанд кард.
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»