Ҳар сол дар кишвар шуруъ аз 1-уми апрел мавсими даъвати баҳории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ оғоз мегардад.
Бо ин мақсад, дар рӯзи аввали мавсими даъвати баҳорӣ дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷавонони даъватшуда дар даст шиор ва Парчами миллӣ роҳпаймоӣ намуданд.
Раиси ноҳия Рустам Холиқзода ба сохторҳои марбутаи давлатӣ, комиссияҳои даъват, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва волидоне, ки фарзандонашон довталабона хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро ихтиёр намуданд, изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.
- Хизмат ба Ватан-Модар бояд барои ҳар яки мо ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм онро эҳтиёт намудан қарзи ҳар кадом аз фарзандони миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт, мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд, - иброз дошт раиси ноҳия.
Модари яке аз даъватшудагон аз зиёд гаштани теъдоди ҷавонони ватандӯст изҳори хушҳолӣ кард. Иброз намуд, ки ҷавонон дарк кардаанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихор аст.
Муовини раиси ноҳия Қурбоналӣ Қурбонзода зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда ва бузурги ҷавонони саодатманд ва ҳимоятгарони хоки аҷдодӣ бовар дошта, амнияту субот ва пешрафту шукуфоии кишварро дар ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва бозувони қавии Шумо мебинанд. Итминон дорем, ки қарзи худро бо сари баланд дар назди Ватан адо мекунед.
Дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ аз ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ 130 нафар ба хизмати аскарӣ сафарбар гардид.
Наваскароне, ки курси ронандагиро хатм намуда буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ гирифта, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд. Тибқи анъанаи миллӣ, маросими нонгазон доир гардида, дастархони идона ороста шуд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"