Воридоти об ҳоло 295 метри мукааб дар як сония аст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 151 метри мукааб дар як сония кам мебошад. Дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 412 миллион метри мукааб об ба обанбор кам ворид гардид. Шабонарӯзи гузашта аз захираи оби обанбор 12 см об сарф шудааст.
Масъулони соҳа омили асосии поин фаромадани сатҳи оби обанбори Норакро ба 60 дарсад камбориш омадани сол, сардии ҳаво дар баландкӯҳҳо, бахусус дар фасли баҳор, инчунин, камии об дар дарёи Вахш рабт доданд. Тибқи маълумоти дар НБО “Норак” мавҷудбуда, дар 12 соли охир сатҳи оби обанбор дар чунин сатҳ қарор надошт. Солҳои 2008 ҳатто дар фасли тобистон обанбор бо об пурра таъмин нагашт. Аз ин рӯ, аз 5-уми сентябри ҳамон сол дар ҷумҳурӣ маҳдудияти истифодаи неруи барқ ҷорӣ шуд.
Захираи об дар обанбор дар сатҳи 900-910 метр фишори обро афзоиш дода, истеҳсоли барқро бештар менамояд. Яъне, фишори зиёд самаранокии обанборро тақвият мебахшад. Зиёдшавии воридоти об ба баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва об шудани пиряхҳо сахт иртибот дорад. Тибқи пешгӯии обуҳавосанҷҳо, ҳаво гарм мешавад, пиряхҳо об шуда, ҷараёни воридшавии об аз дарёи Вахш ба обанбори Норак бештар мегардад ва Неругоҳ метавонад бо иқтидори пурра ба истеҳсоли неруи барқи зарурӣ шуруъ намояд.
Сармуҳандиси НБО “Норак” Маҳмадамин Маҳмадсаидзода иброз дошт, ки дар асл, Неругоҳ ҳеҷ мушкиле надорад ва омода аст, ки дар ҳолати ворид шудани оби фаровон неруи барқи заруриро истеҳсол ва ба аҳолӣ пешниҳод созад. Дар Неругоҳ танҳо як гидроагрегат дар таъмир аст ва дигар гидроагрегатҳо дар ҳолати корӣ буда, метавонанд неруи барқи босифат истеҳсол намоянд.
Бо мақсади таъмини пурраи аҳолӣ бо барқ, баробари бунёди иқтидорҳои энергетикӣ, инчунин, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ низ муҳим мебошад. Сарфаю сариштакорӣ ҳангоми истифодаи неруи барқ истиқлолияти энергетикиро таҳким мебахшад ва пеши роҳи маҳдудиятро дар таъмини неруи барқ дар ҳамаи соҳаҳои мамлакат мегирад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”