ҶОЙГОҲИ ПАДАР
Марди хонавода дар ҷанг барои дифои Меҳан ҳалок шуда буд. Аз ӯ се писар ва ҳамсари пурғамаш ёдгор буданд, ки лаҳзае чароғи хотираашро хомӯш намекарданд. Бавижа, модар барои сармад мондани ҷойгоҳи падар аз шеваи нотакрори тарбият кор мегирифт. Бо машаққат корҳои сангин анҷом дода, пули ночизи бо ранҷ ҷамъовардаашро дар кисаи либоси ҳамсари дар ҷанг шаҳидшуда нигоҳ медошт. Ҳар гоҳ ба фарзандон пул лозим шаваду пурсанд, мегуфт: “Равед, пул дар ҷайби куртаи падаратон аст, гиред”.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
738 РӮЗ ДАР БОЛОИ ДАРАХТ
Ҷулия Ҳилл, сокини Амрико, яке аз дӯстдорони табиати зинда дар арсаи олам эътироф гардидааст. Ҷулия 10-уми декабри соли 1997 бо як амали ғайриодиаш ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард. Ӯ барои ҳифзи дарахти 1000-сола, ки дар қатори дигар дарахтони бешазори зодгоҳаш бояд бурида мешуд, аксуламали аҷибе нишон дод. Ӯ болои дарахт баромада, 738 рӯз поён наомад. Ҳатто, шароити бади моддӣ ва номусоидии боду ҳаво руҳияи ин духтари қавииродаро нашикаст. Албатта, ин иқдоми ӯро ҳамтоёнаш дастгирӣ намуда, барои будубошаш дар болои дарахт ёрӣ расонданд. Танҳо соли 1999 пас аз ба имзо расидани шартнома аз тарафи ширкати «Pacifie Lumbez» дар бораи ҳифз намудани ин ва дигар дарахтони гирду атроф Ҷулия аз дарахт поён шуд. Ин дарахт бо номи «Моҳи ба замин фурудомада» ҳанӯз побарҷост.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ПАНДҲОИ ШОҲОНИ СПАРТА
Паямбар ба Аммон варо бод дод,
Кӣ ӯ пури Зевс асту аз он нажод.
- Аҷаб нест, - гуфто Сикандар варо,
- Ки шояд чунин буданам аз қазо.
Чу Зевс аз дари хӯй бошад падар,
Барои ҳама зодагони башар.
Валекин ба олам, ки мебинад Ӯ,
Ба фардӣ бузургон ба бар чинад Ӯ.
* * *
Барои Ксенокроти ҳаким,
Чу туҳфа фиристод панҷо талант.
Қабулаш накарду пасаш боздод,
Ки: - «Ҳоҷат набошад маро бо талант».
Сикандар ба ҳайрат бимонду бигуфт:
- Нахо, ки набудаш яке дӯст ҳам?
Ки омад барои рафиқони ман.
Ҳама моли Доро расам-норасам?!
* * *
Пас аз ҷанг пурсид аз он шоҳ - Пор,
Кӣ: - «Бо ту чӣ созам, чӣ орам ба кор ?»
Бигуфташ: - Ҳамон кун, ки шоҳе ба шоҳ,
- Дигар раҳ чӣ хоҳӣ, бигӯ, бозхоҳ?
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутарх,
мутафаккири Юнони Қадим, ба назм кашида шуд.
Зиё АБДУЛЛО
ФЕСТИВАЛИ УШТУРҲО ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ
50 ҳазор уштурро дар як ҷо дидан мехоҳед? Мушкил надорад. Беҳтарин восита ширкат дар фестивали уштурҳост, ки ҳар сол дар Арабистони Саудӣ барпо гашта, ҳазорҳо дӯстдорони «киштии биёбон» (уштур)-ро ба ин кишвар меорад. Бо вуҷуди дар минтақаи халиҷи Форс зиёд будани бемории хавфноки коронавирус ва маҳз уштурҳоро ба ин гунаҳгор ҳисобидан фестивал дар шоҳигарӣ як моҳ давом меёбад.
Меҳмонони сершумор, дар баробари тамошои мусобиқоти ҷолиб, метавонанд уштурҳои писандомадаро дар музоядаҳои ҳаррӯзаи фестивал бихаранд. Нархи ин чорпои фавқултоқат, ки метавонад як моҳ дар даҳон гиёҳе ва ҳафтае қатраи об надошта бошад, аз 4 ҳазор то ба 270 ҳазор доллари ИМА мерасад.
Аммо воқеаи асосии фестивал озмуни «Уштури зеботарин» мебошад, ки соли 2017 мукофотпулии он маблағи рекордии 31 миллион долларро ташкил дод.
Таҳияи Кароматулло АТО
РУБРИКАИ НАВ
МУВАФФАҚИЯТИ ФЕРРУЧЧО ЛАМБОРГИНИ
Сахтию душворӣ ва шароити номусоид одамони тавоноро ба вуҷуд меорад. Дар мисоли писари як тракторчӣ, ки соҳиби корхонаи тракторсозӣ шуд ва ҳаваси доштани мошинҳои варзишӣ кард. Ниҳоят, як мошини Ferrari 250 GT харид. Дар ин мошин ба ӯ ҳама чиз маъқул буд, ба ҷуз тарзи кори муфтаи он. Аз ин рӯ, ӯ мошинро пайваста таъмир мекард, вале бе натиҷа. Бинобар ин, қарор дод, ки бо худи муассиси мошин – Энсо Феррари суҳбат кунад. Вақте ки ӯ ба муассис аз мошини ихтироънамудааш шикоят кард, Энсо Феррари гуфт: “Шумо, шояд, тракторро идора карда тавонед, вале ҳеҷ гоҳ аз уҳдаи идора кардани Феррари намебароед”. Ҷавон аз ин сухан хашмгин шуда, қасам хӯрд, ки беҳтарин мошинро дар ҷаҳон месозад ва ҳамин тавр ҳам кард. Номи ин ҷавони муваффақ Ферруччо Ламборгини аст.
Таҳияи О. ВАФОБЕК
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
СЕ ТАҚСИМ
Аз суҳбати дугонаҳо:
– Мурофиа чӣ хел гузашт? Ба хубӣ ҷудо шудед, охир?
– Хубияш ҳамин, ки хона дар фоидаи ман монду мошину бӯстонсароро шавҳарам гирифт.
– Пулҳо ба фоидаи кӣ монд?
– Ба фоидаи адвокат, албатта.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳ. ҚУРБОНАЛӢ
"РОБОТ-НАБЕРАҲО" БАРОИ ХОНАҲОИ ПИРОНСОЛОН
Ширкати "Navel Robotics"-и Мюнхен (Олмон) дар бораи оғози истеҳсоли роботҳо барои истифода дар хонаҳои пиронсолон хабар дод. "Робот-набераҳо" барои муошират бо одамони калонсол тарҳрезӣ шудаанд.
Муассиси ширкат Клод Туссен гуфтааст, ки роботҳо қодиранд эҳсосоти инсониро дарк кунанд ва ба онҳо посух диҳанд. Айни замон чунин роботҳо дар чанд хонаи пиронсолон озмуда мешаванд.
Роботҳо бо зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ки имкон медиҳад, шӯхӣ, бо одамони калонсол суҳбат ва ба фароҳам овардани фазои дӯстона мусоидат намоянд. Роботҳои нав дар байни одамони солхӯрда зуд маъруфият пайдо кардаанд.
Пас аз анҷоми озмоиш, "Navel Robotics" тасмим гирифтааст, ки истеҳсоли оммавии роботҳоро ба роҳ монад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ҲУНАРМАНДЕ, КИ ТАВЛИД НАШУДА, ФУРӮХТАНИАШ БУДАНД
Сухан дар бораи актёри машҳури Ҳолливуд Ҷеки Чан меравад. Волидайни Ҷеки ба пул ниёз доштанд, бинобар ин, падар хост писари ҳанӯз тавлиднашудаашро фурӯшад. Яке аз табибони бритониёӣ пешниҳод кард, ки Ҷекиро ба маблағи 250 доллар мехарад. Падари Ҷеки розӣ шуд, вале дӯсташ монеи ин амали нангин гашт.
Вақте ки Ҷеки ҳафтсола буд, волидонаш ба Австралия кӯчиданд ва ӯро 10 сол танҳо гузоштанд. Ӯ дар мактаб-интернат таҳсил мекард ва дар он ҷо ҳамеша мавриди таҳқир қарор мегирифт. Дар ин ҳангом Ҷеки ба санъати муҳорибаи кунг-фу таваҷҷуҳи зиёд пайдо намуд.
Дар солҳои аввали фаъолияташ дар синамо, ӯ натавонист ба услуби Брюс Ли тақлид кунад, чунки ҳаракатҳояш аз идеал дур буданд.
Пас аз ду даҳсолаи ҳунари аслиаш Ҷеки Чан ба яке аз машҳуртарин ҳунармандони Ҳолливуд табдил ёфт. Ӯ исбот мекунад, ки роҳи орзу пур аз мушкилӣ аст, аммо ба ин меарзад. Айни ҳол Ҷеки яке аз сарватмандтарин ҳунармандони синамо маҳсуб мешавад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
«ШОҲ ШЕР». ФИЛМЕ, КИ ДИЛИ ТАМОШОБИНОНРО ТАСХИР КАРД
Айни ҳол «Шоҳ Шер» (англ. The Lion King, соли 2019, Ҳолливуд) дар таҳияи коргардони маъруфи амрикоӣ Ҷон Фавро, ки онро ширкати Walt Disney Studios Motion Pictures ба навор гирифтааст, сердаромадтарин филми тасвирии тамоми давру замонҳо эътироф мегардад.
Зикр мешавад, ки ҳарчанд он аз ҷониби мунаққидони соҳа баҳои баланд нагирифта бошад ҳам, тамошобинон филмро хуш пазируфтанд. Тибқи иттилои сомонаи Box Office Mojo, «Шоҳ Шер» бо буҷети 260 миллион доллари ИМА дар намоиши ҷаҳонӣ 1 миллиарду 663 миллиону 79 ҳазору 59 доллар ҷамъ овард.
Таҳияи Ш. ШОКИР
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АДВОКАТИ ПАДАРАМ
Аз суҳбати ду рафиқ:
– Чаро бо асобағал мегардӣ?
– Се моҳ пеш маро мошин зад.
– Се моҳ, ки гузашта бошад, бо пои худат роҳ гаштан гир.
– Ман ҳам мехоҳам охир, вале адвокати падарам намемонад.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. ҚУРБОНАЛӢ
ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БА ХИРАД РАСИД?
Як ҷавон ҳар рӯз ҳакимро бо саволи «чӣ тавр метавон ба хирад расид?» азият медод. Дар натиҷа, ҳаким маҷбур мешавад, ки ҷавонро ба дарё бурда, ба муқовимати ӯ нигоҳ накарда, чанд лаҳзае дар дохили об нигоҳ дорад. Ниҳоят, ҳаким ба ҷавон иҷозат медиҳад, ки худро раҳонда нафас кашад. Сипас, ӯро мепурсад:
– Писарам, дар он ҷо, дар зери об чиро аз ҳама бештар мехостӣ?
– Ҳаво! Ҳаво! Ман танҳо ҳаво мехостам!
– Магар ба ҷойи ин сарват, айш, қудрат ва муҳаббатро афзал надонистӣ, писарам?
– Не устод, ҳаво мехостаму танҳо дар бораи ҳаво фикр мекардам!
– Дар хотир дошта бош, писарам, агар бо ҳамин шавқ ба хирад кӯшиш намоӣ, ҳатман ба он мерасӣ!
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
БАРОДАРОН ДАССЛЕР
Муноқишае, ки сабаби пайдо шудани ду ширкати маъруф гардид
Соли 1924 бародарон Адолф ва Рудолф Дасслерҳо ширкати истеҳсоли пойафзоли варзишии Gebrüder Dassler («Бародарон Дасслер»)-ро таъсис доданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ маъруфи олам гардид. Вале, мутаассифона, пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бо сабаби номаълум байни онҳо низоъ бархост, ки дар натиҷа бародарон ширкатро ду тақсим карданд: яке ба худ номи Adidas-ро (муассис Адолф) гирифту дигаре Ruda (баъдан, номаш ба Puma иваз шуд, муассис Рудолф). Бояд гуфт, ки ҳоло ин ду ширкат дар ҷаҳон дар самти истеҳсоли либосу пойафзоли варзишӣ аз пешқадамтаринҳо шинохта мешаванд.
Басе аҷиб аст, аммо шаҳри Ҳерсогенаурах (Олмон), ки ҳар ду ширкат дар он ҷойгиранд, низ ду тақсим шудаву сокинонаш ба ҳам мухолифат мекунанд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ТАВЛИДИ БИОСӮЗИШВОРӢ АЗ РАВҒАНИ РУСТАНӢ
Дар корхонаи нави Амороти Муттаҳидаи Араб равғани рустании истифодашударо коркард намуда, сӯзишвории биологӣ тавлид менамоянд. Ширкати дубайии Lootah Biofuels умед дорад, ки сӯзишвории биологии он ба рушди нақлиёти экологӣ дар яке аз кишварҳои бузургтарини истихроҷкунандаи нафти дунё кумак хоҳад кард. Ширкати фавқуззикр корхонаи аввалине нест, ки равғани рустаниро барои автомобилҳо истифода мебарад. Дар яке аз гӯшаҳои дурдасти Австралия ронандагон барои заряддиҳии автомобилҳои барқии худ аз чарбуи ошпазӣ кор мегиранд. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ин гуна технологияҳо дар музофотҳое, ки ҷорӣ намудани электромобилҳо нисбат ба кишварҳои пешрафта камтар ба чашм мерасанд, ба манфиат мебошанд.
Таҳияи Раҷабалӣ
ИСМАТУЛЛОЕВ
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
АФИНА ВАРВАКИОН
Афина Варвакион муҷассамаи қадимаи Рум буда, он нусхаи Афина Парфеноси Фидия мебошад, ки дар осорхонаи миллии бостоншиносии Афина нигоҳ дошта мешавад. Онро соли 1880 аз назди мактаби Варвакион ёфтаанд, ки номашро низ аз он гирифтааст. Ин олиҳа, аз ҷониби ҳайкалтарош ва меъ-мори Юнони Қадим Фидия сохта шудааст. Ҳайкал аз мармари Панделикон тарошида шуда, осори рангҳои сурх ва зард дорад. Ӯ дар тан либоси пеплос дорад, ки бо камарбанд дар шакли ду мор баста шудааст. Баландии ҳайкал яку ним метр мебошад.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
ЛАБХАНДИ АҲЛИ ФАЗЛ
Зоҳиде дар маҷлисе гуфт:
– Оё моҳи Рамазон аз мо хушнуд рафт ё не?
Зарифе, ки дар маҷлис ҳузур дошт, посух дод, ки бале хушнуд рафт. Зоҳид гуфт:
– Аз куҷо мегӯйӣ?
Гуфт:
– Аз он ҷо ки агар нохушнуд равад, соли дигар боз наёяд.
* * *
Аз дурӯғгӯе пурсиданд, ки ҳаргиз рост гуфтаӣ?
Гуфт:
– Агар гӯям «оре», дурӯғ гуфта бошам.
Аз «Латоиф-ут-тавоиф»-и
Фахриддин Алии Сафӣ
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
АҲОЛИИ АФҒОНИСТОН ҚАРИБ 5 МИЛЛИОН НАФАР КАМ
ШУДААСТ
Бино ба маълумоти намояндаи Оҷонсии миллии омор ва иттилооти Афғонистон (NSIA) Муҳаммад Ҳалим, дар аввали соли 2024 аҳолии Афғонистон 34,9 миллион нафар (51% мардон, 49% занон)-ро ташкил дод.
Тибқи маълумоти Хазинаи нуфуси СММ, дар соли 2021 аҳолии ин кишвар 39, 8 миллион нафар буд. Ҳамин тавр, дар давоми се сол аҳолии Афғонистон қариб 5 миллон нафар коҳиш ёфтааст.
Таҳияи Умар АЛӢ
ҲАФТ МУЪҶИЗАИ ОЛАМ
МУҶАССАМАИ ЗЕВС ДАР ОЛИМПИЯ
Муҷассамаи Зевс дар Олимпия яке аз асарҳои таъсирбахши санъати Юнони Қадим аст. Ин офаридаи беҳамто аз ҷониби ҳайкалтароши бузурги Юнон – Фидия дар асри V пеш аз милод офарида шудааст.
Ҳайкали Зевс аз устухони фил ва тилло сохта шуда буд, ки ба он ҳашамат ва дурахши хосса мебахшид. Он дар маъбади Олимпия, ки бозиҳои олимпӣ баргузор мешуданд, ҷои марказиро ишғол мекард. Зевс рӯи тахт нишаста, бо барқ дар даст, ки рамзи қудрати ӯро ба ҷаҳон ва табиатро ифода мекард, тасвир ёфта буд.
Мутаассифона, муҷассамаи аслӣ то ба имрӯз боқӣ намондааст. Вале бузургии онро аз тасвиру бозсозиҳо метавон тасаввур намуд.
Муҷассамаи Зевс дар Олимпия яке аз муҳимтарин ёдгориҳои фарҳангии Юнони Қадим боқӣ мемонад ва чун машҳуртарин ёдгории ҳайкалтарошӣ ва меъморӣ дар ҷаҳон ба рӯйхати ҳафт муъҷизаи олам шомил гардидааст.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
ЭҲЁИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Моҳи июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса ҷаласа доир гашт, ки «Анҷумани эҳёи бозиҳои олимпӣ» ном гирифт. Дар он 79 намоянда аз 12 давлат ба ҳам омаданд.
Ҳамин тавр, 23-юми июни соли 1894 пешниҳоди эҳё намудани бозиҳои олимпӣ дастгирӣ ёфта, тасмим гирифта шуд, ки он дар чор сол як маротиба гузаронда шавад. Шаҳри Афина ба сифати мизбони баргузории аввалин бозиҳои олимпии муосир интихоб гардид.
Ҳамчунин, вакилони Анҷуман Кумитаи байналмилалии олимпиро созмон доданд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ҶАВОБИ
МАРДОН БА ЯК СМС-И ЗАНҲО
Ба як гурӯҳи занон дар тренинг супориш шуд, ки ба шавҳаронашон бо матни “Азизам, ман туро дӯст медорам!” паём фиристанд. Ҷавоби шавҳарон ба ин тартиб буд:
1. - Ту кистӣ?
2. - Эҳ, модари фарзандонам, беморӣ-чӣ?
3. - Ман ҳам туро дӯст медорам.
4. - Боз чӣ шуд? Ягон ҷои мошинат вайрон шуд-чӣ?
5. - Боз чӣ мехоҳӣ?
6. - Боз чӣ кор кардӣ? Ин дафъа намебахшамат.
7. - ?!?
8. - Ба ҳар тараф нагард, фақат гӯй, ки чанд пул лозим аст?
9. - Хоб мебинам-чӣ?
10. - Агар росташро нагӯӣ, ки ин СМС-ро ба кӣ фиристоданӣ будӣ...
11. - Ман гуфта будам, ки камтар нӯш. Агар аз ман хаста шуда бошӣ, баромада меравам.
12. - Чизе ки мехоҳӣ, ҷавоби ман – не!
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
АЗ ДАРУНУ БУРУНИ ХОНА
Занги дар садо медиҳад. Соҳиби хона аз пушти дар мепурсад:
– Кӣ ҳастӣ?
– Политсия.
– Дар хона ҳеҷ кас нест.
– Пас, ин кӣ аст, ки бо ман сухан мегӯяд?
– Дар назаратон намудааст.
– Ин тавр ки бошад, барои чӣ чароғ фурӯзон аст?
– Ҳозир онро хомӯш мекунам.
Аз русӣ тарҷумаи Абдулқодири РАҲИМ
ХАТАРНОКТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
КӮЛИ НАТРОН, ТАНЗАНИЯ
Ба аксҳои сершумори кӯли Натрон нигоҳ карда, бовари кас намеояд, ки онҳо дар рӯи замин гирифта шудаанд. Болои обро қабати ғафси намак пӯшондааст, ки гоҳ-гоҳ ба худ рангҳои гулобӣ ва сурхро мегирад. Об хеле гарм аст (аз +40 то +50 дараҷа). Ҳайвоноте, ки ба он афтодаанд, оҳиста-оҳиста ба мумиёи намак табдил ёфтаанд.
Бо дарназардошти бӯи тунди сулфиди гидроген, ки аз рӯи обанбор мебарояд ва гармии хоси Танзания, маълум мешавад, ки сафар ба кӯли Натрон як озмоиш барои дӯстдорони варзиши экстремалӣ ва тааҷ-ҷубовар аст, ки шумораи онҳо хеле зиёд мебошад.
Ҷолиби диққат он аст, ки бо тамоми хусусиятҳояш дар ин обанбор садҳо ҳазор фламингоҳои хурд лона доранд. Дар об алафҳо рӯида, микроорганизмҳо ва, ҳатто ду намуди моҳӣ зиндагӣ мекунанд. Гирду атрофи Натрон макони зисти зебр, шутурмурғ, ғизол, кудуҳои хурд ва шағолҳо мебошад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ