Аз оғози фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон 1462 ҷойи кор таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба 2350 миллион сомонӣ расид.
Ин нукта дар ҷаласаи навбатии Шурои нозирони МОИ, ки таҳти раёсати муовини якуми Сарвазир – раиси Шурои нозирон Ҳоким Холиқзода 5-уми апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид, гуфта шуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мазкур иттилоъ додааст.
Мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон
5-уми апрел муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бо роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен вохӯрд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба мо хабар доданд, зимни суҳбат таъкид шуд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар такмилу таҳияи қонунгузории миллӣ, ки ба хотири ҳифзи кӯдак, риояи ҳуқуқу озодии онҳо, саломатии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани имконоти рушди ҳамаҷониба ба онҳо фаъол буда, пайваста таҷрибаи дигар кишварҳоро дар ин самт мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Баррасии фаъолияти сохторҳои СММ дар Тоҷикистон
6-уми апрел вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати мулоқот дошт.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо фаъолияти сохторҳои Созмонро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуъҳои марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва чорабиниҳои дарпешистодаро матраҳ намуданд.
Имзои Ёддошти тафоҳум миёни ВКД Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин
Байни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Аз Вазорат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки Ёддошти тафоҳум зимни ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории вазоратҳо имзо гардид. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва узви Шурои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Чин Ван Сяохун аз ҳамкории дуҷонибаи судманд изҳори қаноатмандӣ карданд.
Нархгузории ягона барои интиқолдиҳандагони Тоҷикистон ва Туркманистон
Тоҷикистону Туркманистон низоми ягонаи нархгузориро дар соҳаи нақлиёт ва логистика таҳия ва ҷорӣ менамоянд. Дар ин хусус вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва директори генералии Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Маметхон Чакиев ба мувофиқа расиданд.
Минбаъд дар байни марказҳои логистикии ду давлат ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда шуда, ба нархгузорӣ муносибати ягона зоҳир мешавад ва барои хизматрасониҳои байналмилалии боркашонӣ нархҳое ҷорӣ мегарданд, ки барои интиқолдиҳандагон қулай бошанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт иттилоъ додааст.