5-уми апрел Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимухамедов баъди анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргашт.
Бо нишони эҳтирому самимияти баланд меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел карданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман рӯзҳои 4-5 апрел ҷараён гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду кишвар 5 санади нав доир ба ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, омодасозии кадрҳои дипломатӣ, сохтмон, илм, зилзиласанҷӣ ва бародаршаҳрӣ миёни Хуҷанд ва Аргадаг ба имзо расид. Ҳамчунин дар доираи ин сафар ва дар чаҳорчӯбаи рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон барномаи рангини консертии устодони санъати ду кишвар “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.