АЗ ХУРОФОТ РАҲО МЕЁБЕМ!
Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Абдулқодири Раҳим зери унвони “Аз хурофот раҳо меёбем?” (“Ҷумҳурият”, № 114, 31 майи соли 2023) мавриди омӯзиш ва таҳлили амиқ қарор гирифт.
Маҷмуи масъалаҳое, ки муаллиф дар нигоштааш зикр менамояд, ҳар як инсони соҳибандешаву боидрокро бетараф гузошта наметавонад. Аз омӯзиши мақола эҳсос мешавад, ки муаллиф хеле дилсӯзона ба баррасии масъала пардохта, роҳи дурусти ҳалли онро меҷӯяд.
Дар оғози матлаб муаллифи мақола аз дастовардҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёд оварда, ҳамзамон, ба маълумоти омории мақоми ваколатдор вобаста ба амалишавии Қонун бо назари шубҳа менигарад. Ба қавли муаллиф, “мардум дар маҳалҳои худ ба бисёр қонунвайронкуниҳо шоҳид мегарданд, ки онҳоро ошкор ва сабт намесозанд”. Муаллиф дар баробари посух ҷустан ба сабаби сар задани ин ҳолат, дар айни замон худ посух мегӯяд: “Чунки қонунвайронкунҳо дасти боло доранд ва ё бо масъулон месозанд”.
Бешубҳа, чунин масъалагузорӣ ва арзёбии якҷониба на аз рӯи инсоф асту на тибқи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ. Оё барои ба ин хулоса расидан, муаллиф ягон пурсиши иҷтимоӣ гузарондааст ва ё ягон тадқиқоти журналистӣ анҷом додааст?
Боиси тазаккур аст, ки мубориза бо ҳама гуна афкори хурофотӣ ва ифротию иртиҷоиро мақоми ваколатдор дар соҳаи дин вазифаи муҳимтарини худ медонад. Соли 2023 садҳо мулоқоту вохӯрии кормандони дастгоҳи марказии Кумита, кормандони соҳа дар маҳалҳо, инчунин, ходимони дин бо аҳолӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва, ҳатто, муассисаҳои ислоҳӣ баргузор шуд. Мавзуи меҳварии ҳар як мулоқотро табиист, ки пешгирии афкору андешаи носолим ташкил дод. Танҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ (маҳбасҳо) дар ҳамкорӣ бо сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия 45 вохӯрӣ доир шуд, то маҳбусон баъди адои ҷазо бо андешаи солим вориди ҷомеа шаванд.
Муаллиф ба мусулмонии 90 фоизи аҳолии кишвар танҳо ба он хотир шак мекунад, ки “аксар одитарин талаботи мусулмон буданро намедонанд”.
Боиси афсусу нигаронист, ки ин матлабро журналисти касбӣ ва соҳибтаҷрибае чун Абдулқодири Раҳим навиштааст. Ин матлаб баёнгари он аст, ки бояд ҳарчи зудтар дар Тоҷикистон журналистикаи соҳавӣ роҳандозӣ гардад, то ҳар муаллиф, ҳадди ақал, тавонад матлаби менавиштаашро дуруст дарк намояд.
Албатта, зуҳуроте, ки Абдулқодири Раҳим зикр мекунад, бар хилофи қонунгузории кишвар ва муқаррароти шариат аст, аммо барои ин касе ҳуқуқ надорад, ки имону мусулмонии мардумро зери суол гузорад! Зимнан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ шумораи мусулмонони кишварро 99 дарсад хонданд!
Вобаста ба он ки, баъзе аз афрод ба хотири зоҳирпарастиву шуҳратталабӣ талоши рафтан ба сафари ҳаҷ ва умраро мекунанд, наметавон розӣ нашуд. Воқеан, чунин нигарониҳо ҷой доранд. Ҳамасола ба хотири омӯзиши вазъи иҷтимоии ҳаҷравандагон аз ҷониби мақоми ваколатдор комиссияи салоҳиятдор ташкил мешавад, ки он пеш аз сафарбар намудани довталаб ба сафари ҳаҷ вазъи иҷтимоии ӯ, шароити зиндагӣ, таълими фарзандону пайвандон ва монанди инҳоро ҳамаҷониба меомӯзад. Мақоми ваколатдор андеша дорад, ки амалӣ намудани ин таҷриба нисбат ба хоҳишмандони сафари умра низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Зеро аксари тақлидҳои кӯркӯрона ва зиёдаравиҳо миёни умраравандагон ба назар мерасад.
Ба иттилои муаллифи матлаб мерасонем, ки танҳо соли 2023 дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба фазилат ва ҳикмати дастгирии ниёзмандону бечорагон ва аҷру подоши хайру садақа, махсусан садақаи ҷория, зиёда аз 100 нафар аз ҳамватанон, ки нияти батакрор анҷом додани зиёрати Каъбаро доштанд, маблағҳои ба ин мақсад ҷудокардаи худро барои ободии маҳали зисти худ, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, нуқтаҳои тиббӣ, мумфаршсозии роҳҳои байни маҳалҳо, таъмири муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ харҷ намуданд.
Ахиран, бояд гуфт, ки баҳри раҳоӣ аз хурофотгароӣ, каҷфаҳмӣ, ифроту тафрит ва ҳама гуна амалҳои зишту номақбул донишу маърифат зарур аст. Агар ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хатари чунин зуҳуротро ба ояндаи дурахшони насли оянда дарк кунанд ва ҷиҳати рафъи онҳо дастаҷамъона ҷидду ҷаҳд намоянд, бешак, дар иҷрои ин амр муваффақ хоҳем шуд.
С. ДАВЛАТЗОДА,
муовини раиси Кумитаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросим