Дар бораи фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон ҳамасола дасти кам тули як моҳ ба гӯши якдигар мегӯем. Ба зоҳир тақвою имондорӣ нишон медодем, вале дар бисёр маврид рафтору амаламон ба ин арзишҳо ҷавобгӯ набуд. Инсофро дар асл риоя накардем, аз фанду фиреб даст набардоштем. Ба ҳангоми намози пешин дари дуконамонро бастему сӯи масҷид давидем. Вале ба истилоҳ аз “хонаи Худо” баргаштему бо истифода аз “тасф”-и бозору талаботи муштариён меъёрҳоро шикастем ва аз пеши худ чанд тангаи дигар болои моламон зам карда, фурӯхтем. Бар замми ин, чанд бор дар муомила бо харидорон қасами дурӯғ хӯрдем, ки он ҳам ба номи поки Худо буд.
Бар асоси мушоҳидаҳои мо талотуме, ки дар оғози моҳи шарифи Рамазон ва поёни ин моҳи муборак, баробари фаро расидани иди саиди Фитр дар бозорҳои Душанбе сурат мегирад, дар дигар гӯшаҳои мамлакат дида намешавад. Мо – сокинони пойтахт, борҳо бо ин рафтори худ меҳмононро ба ҳайрат овардем. Бо вуҷуди тадбирҳои судманди шаҳрдорӣ вобаста ба танзими арзиши молу коло дар бозорҳо, ташкили ярмаркаҳо дар арафаи иду ҷашнҳо ба тоҷирони манфиатҷӯ имкон додем, ки нарху наворо ба таври сунъӣ боло баранд. Онҳо аз ҳирсу зиёдаравии мо, бахусус дар арафаи идҳои Рамазону Қурбон, хуб истифода мекунанд. Молу маҳсулоти худро вайрон карда, ба партов мепартоянду аз арзиши таъинкардаашон сари мӯе кам намекунанд. Ва баъдан мебинем, ки ин гароншавӣ, ки аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад, оҳиста-оҳиста ҷомаи расмӣ мепӯшад. Ин дар ҳолест, ки мо дар моҳи шарифи Рамазон бояд ба корҳои хайру эҳсон даст занем, на ин ки ба болоравии қимати молу маҳсулоти ғизоӣ асос гузорем.
Ҳамин ҳоло КВД “Бозори Деҳқон”-и пойтахт ба қавле ҷойи поймонӣ надорад. Ба гумони ғолиб, дигар бозорҳо низ ҳамчунин. Тамбашвии мошинҳо ҷои гап не. Бале, мардум барои ид харид мекунанд, хариди бебаркаш. Шукрона, ки дар бозорҳо молу маҳсулот ва анвои ғизоӣ фаровон асту дар сурати зарурат аз захираҳои давлатӣ низ истифода мешавад, вагарна бо ин ҳол маълум набуд, ки мо ба куҷо мерасидем. Мо аз гӯшаи яклухтфурӯшон вориди “Бозори Деҳқон” шудем ва нахуст ба растаҳои фурӯши меваю сабзавот омадем. Номгӯи бештари маҳсулот дар ин гӯша нархнома надорад. Дар ҳоле ки тибқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ”, субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ уҳдадор аст, ки мавҷудияти нархномаҳои ягона, дақиқ ва ба расмият даровардашударо барои молҳои фурӯшӣ бо зикри номи мол, навъ, нарх, вазн ё воҳиди мол, имзои шахси аз ҷиҳати моддӣ масъул ё муҳри ташкилот ва санаи таҳияи нархнома таъмин намояд. Дар сурати мавҷуд набудани нархномаҳо ба моли фурӯхташаванда ва пешниҳод накардани нархномаҳо барои хизматрасонӣ, мутобиқи моддаи 633 банди 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои начаспондани нархномаҳо ба моли фурӯхташаванда ва пешниҳод накардани нархномаҳо барои хизматрасонӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Ҳол он ки кам андар кам иҷрои ин банди қонунро аз ҷониби фурӯшандаҳо мебинем ва дар навбати худ татбиқи ҷазо нисбат ба чунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ чандон муассир ба назар намерасад. Вагарна, шояд ин ҳолат камтар ба миён меомад...
Ин ҷо бояд аз ҳақ нагузарем ва иқрор кунем, ки талаботи ин банди қонун дар растаи гӯштфурӯшони бозор сад дарсад риоя мегардад. Дар ҳамаи дуконҳо овезае бо навиштаҷоти “гӯшти... 65 сомонӣ” ба чашм мехӯрад. Вале ин як найранги окшороест, ки аз масъулони бозор то харидорон, дигар ҳеҷ касро ба ҳайрат намеорад. Чун мо ин чашманбандиро на танҳо дар КВД “Бозори Деҳқон” балки дар дигар бозору растаҳои гӯштфурӯшон мебинему ба он вокуниши ҷиддие нишон намедиҳем. 65 сомонӣ менависанду 78 сомонӣ мегӯянд. Ин чӣ маъно дорад, ё чаро нархи воқеиро наменависанд? Хок ба сари қиматиаш, аммо чунин фиреби ошкоро ва дурӯғгӯиҳои маҳз, магар дар тарбияи ахлоқии ҷомеаи мо бетаъсир аст? Ин рафтор ба мағзи ҷавонон ё ҳолати равонии насли наврас чӣ таъсир хоҳад гузошт? Албатта, таъсири манфӣ ва дар оянда мушкилзо, ки бояд сари он андеша кард. Агар мо мусалмони ҳақиқием, бояд ҳадди ақал дар моҳи шарифи Рамазон аз дурӯғу фиреб ва фикри ба даст овардани фоидаи муфт парҳез менамудем, ки бо таассуф накардем. Баръакс, тавре гуфтем, нархи маҳсулот боло рафт. Аз ҷумла, нархи гӯшт бо омадани ин моҳи хайру эҳсон аз 2 то 5 сомонӣ афзуд. Нархи як литр шир, ки то моҳи Рамазон 8 сомонӣ буд, дар рӯзи аввали рӯзадорӣ 8,5 сомонӣ шуду ҳоло 9-10 сомонӣ. Ба ин тартиб, мешавад мисолҳои зиёдеро рақам зад, вале суоли асосӣ ва матраҳ ин аст, ки чаро чунин вазъ дар бозорҳои мо, бахусус, дар моҳи парҳезу растагорӣ ислоҳнопазир аст? Ё чаро мо имону инсофро дар ҷаҳони ботинӣ неву дар зоҳири хеш мепарварем?
Шодмон АБДУРАҲИМ, Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”