Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо барои бачагони лаёқатманд, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, хонаҳои кӯдакони синни томактабӣ, парваришгоҳҳои наздимактабӣ ва хонаҳои бачагон тақдим шуданд.
Туҳфаҳои идона аз сарулибос иборат буда, онро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони масъули Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ятимону дигар қишри ниёзманди ҷомеа дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат расонданд.
Омодагии Тоҷикистон барои расондани ёрӣ ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои обхезӣ дар Қазоқистон
8-уми апрел вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу суҳбати телефонӣ анҷом дод.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мусоҳибон вазъияти бавуҷудомадаи Қазоқистонро дар пайи офатҳои табиӣ баррасӣ намуданд. Сироҷиддин Муҳриддин омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои расондани кумаки зарурӣ ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои обхезӣ изҳор кард.
Баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ
8-уми апрел сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷии Кувайт Абдулло Алӣ Абдулло ал-Яҳё мулоқот дошт.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайтро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ карда, зарурати баргузории сафарҳои сатҳи олиро таъкид намуданд.
Густариши муносибатҳо миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо муовини ёвари маъмури Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) хонум Нидҳи Боури вохӯрд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», зимни мулоқот таъкид шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамкориро бо ИМА тавассути агентиҳои дахлдори он амалӣ менамояд. Аз ҷумла, дар ин ҷода бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ (СDС) ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
ТОҶИКИСТОН ВА ФАРОНСА
Ҳамкориро дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият медиҳанд
8-уми апрел бо мақсади тақвият додани ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода бо сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинёл вохӯрд.
Дар маркази таҳлил ва иттилооти Кумита ба мо тавзеҳ доданд, ки дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, амалӣ намудани ҳамкорӣ байни мактабҳои варзишии ҳар ду давлат, омӯзиши таҷрибаи варзишгарони олимпии Фаронса дар Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд – 2024»
Тобистони имсол дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд – 2024» гузаронда мешавад, – иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноат.
Намоишгоҳ бо мақсади дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, амалӣ намудани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ташкил мешавад.
Дар Кӯлоб сохтмони марҳалаи дуюми фабрикаи парандапарварӣ оғоз гашт
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб сохтмони марҳалаи дуюми фабрикаи парандапарварӣ оғоз гардид, – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти фабрика шинос гардида, ба сохтмони марҳалаи дуюми он оғоз бахшиданд.