Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9-уми март баргузор гардид, аз ҷумла зикр намуданд: “Қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму оинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад”. Дарвоқеъ, Қонуни мазкур дар самти сарфаю сариштакорӣ, беҳбуди рӯзгори сокинони мамлакат ва торафт кам шудани хурофоту хурофотпарастӣ саҳми бориз мегузорад. Бо мақсади боз ҳам бештар тарғибу ташвиқ намудани муқаррароти Қонуни миллӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Наҷмиддиниён ва раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода бо фаъолон, ҷавонон ва ходимони дин баргузор гашт.
Файзулло Наҷмиддиниён зикр намуд: “Ҳангоми баргузории мулоқоти навбатӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат доир ба равандҳои ташвишовари бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, гус-тариши бесобиқаи амалиёти террористӣ, тундгароӣ ва ифротгароии динӣ, шаклгирии «сиёсати дугона» дар муносибат ба созмону гурӯҳҳои фаъолияташон манъшуда ва таъсиргузории онҳо ба фазои иттилоотии мо ба таври возеҳу равшан ибрози андеша намуданд. Ҷавҳари мантиқии ин сиёсат иборат аз он аст, ки тамоми шаҳрвандони мамлакат дар фарҳанги рафтор, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият диҳанд, аз бегонапарастӣ, тақлиди кӯркӯрона, худнамоӣ, исрофкорӣ ва ноогоҳона пайравӣ намудан ба меъёрҳои фарҳангию эътиқодии дигарон дурӣ биҷӯянд. Эҳёи дастовардҳои арзандаи ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бояд дар доираи муқаррароти Конститутсия, қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқуъ пайвандад. Зеро, шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ватан, ҳифзи марзу бум, суботу оромӣ ва ваҳдати миллиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, мо бояд дар маҷмуи гуфтору рафтору кирдорамон неку нигоҳ доштани андоза ва мувозинати арзишҳои дунявию эътиқодиро холисона риоя кунем. Маънои садоқат ба халқу Ватан, муқаддас доштани дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, эҳтироми манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва, ҳамзамон, осебнопазирии ваҳдати эътиқодӣ ва динию мазҳабӣ аз ҳар фарди бо нангу номус ба ваҷҳи писандида анҷом додани қарзи фарзандию шаҳрвандиро дар пешгоҳи қудсияти бақои давлату миллат талаб менамояд”.
Инчунин, зикр гашт, ки бо мақсади бештар тарғибу ташвиқ намудани муҳтавои Қонуни миллӣ имрӯзҳо дар шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун нишасту маҳфилҳо, вохӯрию мулоқот доир мегарданд. Фаъолон ва ходимони дин суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин мулоқот гаштаю баргашта мехонанд, муҳтавояшро ба ҷавонон мефаҳмонанд ва дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат чорабиниҳои муфидро роҳандозӣ менамоянд.
– Чиҳати ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ кардани муҳтавои суханронии Пешвои миллат дар шаҳр ситоди махсус ташкил гардид. Аъзои он мекӯшанд, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат дар ҳамдастӣ бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дин ба хотири возеҳ фаҳмондани масъалаҳои муҳим бештар дар байни ҷавонон кор баранд, ҷинояткорӣ, тақлид ба либосҳои бегонаро пешгирӣ намоянд, фарҳанги дурусти истифодабарии телефонҳои мобилиро шарҳ диҳанд. Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, садди роҳ нашудан дар идомаи таҳсили духтарон, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, даст назадан ба исрофкорӣ ва сарфи барзиёд дар ҳоҷизиёрату ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону духтарон дар ҷомеа, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масоили мубрами рӯз вазифаи ҳамарӯзаи мо ба ҳисоб мераванд, ки иҷрояшон бароямон ҳатмист, – зикр кард раиси шаҳр.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”