Дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳамоиши шаҳрии гирандагони стипендия ва квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ихтироъкорону эҷодкорони ҷавон таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем!” доир гашт.
Ҳамоиш аз ҷониби сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ифтитоҳ гардида, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар пойтахт қисми зиёди ҷавонон ба кору фаъолият ва таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар робита ба ин, неруи асосии ҷавонони соҳибкасб ва соҳибмаълумот маҳз дар пойтахт ба ҳам омадааст.
Бо пайравӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, имрӯз насли наврасу ҷавон, ба имконоти бузурги моддиву маънавӣ шарафёб гардидаанд. Ҷавонон ба ҳайси неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дошта, метавонанд барои пиёда намудани нақшаҳои муҳими Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазо гузоранд.
Муҳимтар аз ҳама, имрӯз ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон, аз ҷумла ҷавонони пойтахт, ҳамчун ворисони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи нақшаву барномаҳои созанда ва пешрафту шукуфоии ояндаи кишвар саъю талоши бесобиқа доранд.
Зикр шуд, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии онҳо стипендияи раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуда, давоми 6 соли охир, дар умум 1160 нафар бо маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ қадр гардида, имкон фароҳам шуд, ки наврасону ҷавонон дар олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Инчунин, стипендияи раиси шаҳри Душанбе бори аввал соли 2023 дар алоҳидагӣ барои донишҷӯён ва олимони ҷавон ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дода шуда, ҳар сол дар арафаи Рӯзи пойтахт ҷамъбаст мегарданд.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»