5-уми апрел дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо, блогерон, ассотсиатсияҳо, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод ба субъектони хизматрасонии сайёҳӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати сайёҳии кишвар, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои байнал-милалӣ, бахусус намоишгоҳҳои байналмилалии имсола дар Эрон, Олмон ва Россия, изҳори сипос намуд.
Раиси Кумита таъкид дошт, ки бо назардошти корҳои анҷомдодашуда дар ин самт, моро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи кишвар, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқӣ, иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва, ба ин васила, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешем.
Иброз гардид, ки тайи солҳои охир бо таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешбинишуда, соҳаи сайёҳӣ рӯ ба рушди бесобиқа гузошта истодааст.
Зикр шуд, ки рушди сайёҳӣ боиси тавлиди ҷойҳои нави кор, ворид шудани асъори хориҷӣ ва тақвияти нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мегардад. Бинобар ин, таъмини шароити мусоиди истироҳат ба сайёҳон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз ҷониби меҳмонхона, тарабхона ва осоишгоҳу табобатгоҳҳо муҳим дониста мешаванд.
Инчунин, оид ба татбиқи самаранок ва босифати қонуну барномаҳои соҳавӣ, ҷалби сармоя ва бунёди инфрасохтор, тарбияи мутахассисон, тарғиби зарфиятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ, ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хосса ба вазъи тозагии мавзеъҳои таърихӣ ва истифодаи мақсадноку босамари маблағҳои грантии соҳавӣ суҳбати фарогир ва табодули афкор сурат гирифт.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»