Кормандони муҳандисӣ-техникӣ ва коргарони муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаҳои Қалъаихумб ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз тасмим гирифтаанд, ки роҳи ағбаи Хобу Руботро дар муддати кӯтоҳтарин аз барфу тарма тоза мекунанд.
Зикр бояд намуд, ки ба тавозуни муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаҳои Қалъаихумб ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз қитъаи қариб 80-километраи ин шоҳроҳи баландкӯҳ, Дашти Шер – Қалъаихумб ва қариб 90 километр роҳҳои маҳаллӣ дар ин масир марбут мебошад. Сокинони ноҳияи Дарвоз изҳори қаноатмандӣ менамоянд, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сари вақт аз барфу тарма тоза кардани қитъаи шоҳроҳи роҳи ағбаи Хобу Рубот ва роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии байни деҳот аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар техникаи тавонои ҳозиразамон дода шудааст. Ба гуфтаи сардорони муассисаҳо Нуриддин Одинаев ва Сорбон Азимов, дар фасли зимистон ва аввали баҳор тавассути 3 боркунаки фронталӣ, 2 булдозер ва 2 автогрейдер қитъаи шоҳроҳи Дашти Шер – Қалъаи Ҳусайн, роҳи 12-километраи ҷониби маркази маъмурии деҳоти Сағирдашт ва, инчунин, роҳҳои маҳаллии миёни деҳаҳои Зев, Хост, Лухч, Камчак, Чухкак, Кулумбаи Боло ва Пуштароғу Сафедорон сари вақт аз барф тоза карда шуданд.
Тайи як ҳафта боз бо воситаи техникаи ин идораҳои роҳтаъмиркунӣ роҳи ағбаи Хобу Рубот аз қитъаи Сафедорон то мавзеъҳои Хирсдара, Дарвозакӯҳ ва Дударгӣ аз барфи баландиаш дар баъзе қисматҳои роҳ аз 1 то 1,5 метр ва зиёда аз 20 тармаи калону хурди аз кӯҳу дара ва пуштаҳо фаромада тоза карда мешаванд.
Ҳамзамон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз барои нигаҳдории роҳҳои маҳаллии деҳоти музофотҳои баландкӯҳ ва дурдаст бештар аз 70 ҳазор сомонӣ кумак расондааст ва чунин маблағгузориҳо идома меёбанд. Роҳдорони минтақаҳои Қалъаихумб ва Сағирдашт имсол низ тасмим гирифтаанд, ки роҳи ағбаи Хобу Руботро бо ёрии Вазорати нақлиёти кишвар ва дар ҳамдастии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз то даҳрӯзаи сеюми моҳи апрел аз барфу тарма тоза карда, мавриди истифода қарор медиҳанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор