Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024” аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар самти таъмин намудани рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, сарфи назар аз он ки, соли сипаришуда дар мамлакат 729 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, иҷрои нақша ба 112 дарсад расонда шуд, аммо ин нишондиҳанда аз ҳадафи мақсадноки Ҳукумати мамлакат 8 банди фоизӣ кам мебошад. Баъдан, боиси нигаронист, ки шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда меафзояд.
Бо назардошти ин вазъият, Сарвари давлат ҷиддан вазифагузорӣ карданд, ки дар соли 2024 масъулони шаҳру навоҳӣ, мутахассисони соҳа барои фаъол гардондани корхонаҳои аз кор бозистода ва пешгирӣ кардани раванди номатлуби аз фаъолият боз мондани корхонаҳои саноатӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Дар шаҳри Хуҷанд, ки аз ҷумлаи бузургтарин шаҳрҳои рушдёфтаи саноатии кишвар маҳсуб мешавад, ҳар сол корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба истифода дода мешаванд ва ҷиҳати пешгирии мутаваққиф гаштани коргоҳҳои истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххасу муассирро роҳандозӣ мекунанд. Бино ба омори расмӣ, соли 2023 дар шаҳр зиёда аз 25 корхона, аз ҷумла15 корхонаи саноатӣ, фаъолияташро қатъ намуда, теъдоди зиёди шаҳрвандон бекор ва буҷети шаҳр аз воридшавии андози иловагӣ маҳрум гашт. Баъзе коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ як муддати кӯтоҳ кор мекунанду халос.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар маҷлиси натиҷабардорӣ аз фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар соли 2023 роҳбарияти шаҳрро вазифадор кард, ки ин ҳолати мавҷуда ислоҳи худро ёбад.
– Масъалаи мазкур таҳти назорати қатъии раиси шаҳр қарор гирифтааст ва моҳи ноябри соли 2023 баҳри фаъол гардондани корхонаву коргоҳҳои аз кор бозмонда, суръати истеҳсолоташон коҳишёфта бо амри раиси шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Дар ин амри раиси шаҳр чораҳои мушаххасу муассири ислоҳи камбудиҳо муайян шудаанд, – мегӯяд муовини раиси шаҳр, сарпарасти соҳаи саноат Бахтиёр Боқизода.
Муовини раиси шаҳр сабабҳои асосии фаъолият накардани ин корхонаҳоро аз надоштани маблағҳои гардон, фарсудашавии таҷҳизоти мавҷуда, рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолшуда арзёбӣ карда, меафзояд, ки қисме аз ин корхонаҳо дар иртибот бо сари вақт напардохтани қарзи бонкӣ низ ба чунин ҳолат расидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баъд аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳолати баамаломадаи чанд корхонаи муҳими саноатӣ тасмим гирифт, ки ба онҳо аз лиҳози молиявӣ ва додани имтиёзҳои андоз кумаки ҳуқуқӣ расонад. Ҳамин мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аст, ки ҳоло шумораи корхонаҳои аз кор бозмонда бамаротиб коҳиш ёфта, 10-12 ададро ташкил медиҳанд. Вале дар муҳлати кӯтоҳ ба кор андохтани корхонаҳои боқимонда бо назардошти он ки, қисме аз онҳо: “Кабоол-текстайлз”, “Некӯ-Хуҷанд”, “Нассоҷи Хуҷанд” муштарак бо сармоягузорони хориҷисту қарзҳои бузурги бонкӣ ва дигар мушкилот доранд, имконнопазир мебошад. Бо вуҷуди ин, гурӯҳи кории ҳукуматӣ ҷиҳати ҳаллу фасли мушкили ин корхонаҳо талош дорад. Интизор меравад, ҳафтаҳои наздик корхонаҳое чун ҶДММ “Ориён”, ҶДММ “Рушди дӯстӣ”, ҶДММ “Сано”, ки бо хатҳои замонавии технологӣ таъмин мебошанд, ба кор оғоз бахшанд.
Ҳоло тамоми талоши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои бекорхобида, зиёд кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли пурраи либосҳои мактабии ҷавобгӯй ба талаботи замон равона шудааст.
Ҷовиди АШТӢ
“Ҷумҳурият”