Имрӯзҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон яке аз самтҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доранд, ки равуо байни тамоми манотиқи кишварамон бояд озодона ва бемамоният ба роҳ монда шавад.
Дар доираи истиқболи сазовор аз Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва иқдоми пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома доранд.
Чанде пеш бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳҳои шаҳри Истаравшан оғоз, кӯчаи марказии шаҳр ба масофаи 1,8 километр мумфарш гардид. Ҳамзамон, дар доираи тадбирҳои ободонӣ 2,5 километр роҳи ҳудуди шаҳр, ки солҳо инҷониб ба таъмир ниёз дошт, аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамасола дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо километр роҳ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша бо руҳия ва ҳисси баланди миллӣ анҷом дода мешаванд. Дар ин росто, дар баробари мақомоти давлатӣ саҳми сокинони шаҳри бостонии Истаравшан низ назаррас мебошад.
Усто Солеҳ Азизов, ки бо ҳунари кандакорӣ дар кишвар ном баровардааст, маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаашро баҳри ободонии роҳи маҳаллааш сарф намуд. Марди саховатпеша 300 метр роҳро, ки паҳноии он 10 метр мебошад, мумфарш намуд, ки ин боиси хушҳолии сокинони маҳалла гардид.
Тавре мегӯянд, саҳм гузоштан дар ободии Ватан низ ибодат буда, хайри ҷория маҳсуб мешавад ва ин ташаббуси неки сокини шаҳри Истаравшан намунаи ибрат барои дигарон хоҳад буд.
Саъдулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор