Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар иҷлосия лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, вобаста ба созишномаҳо байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ҳукумати Федератсияи Россия қарори дахлдор қабул шуд.
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Россия
12-уми апрел дар шаҳри Минск вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Россия иштирок дошт.
Тавре дар Вазорат ба мо тавзеҳ доданд, зимни вохӯрӣ вазирон дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории шашҷониба бо тамаркуз ба татбиқи натиҷаҳои саммити якуми мазкур, ки моҳи октябри соли 2022 доир гардид, табодули афкор анҷом доданд. Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки дар пасманзари таҳаввулоти босуръат дар сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ муколамаи самимона ва боэътимод байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Россия аҳамияти хос касб мекунад.
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 7 то 13-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳқиқоти муштараки саҳроӣ гузаронданд. Ҷонибҳо кори худро оид ба муайян кардани минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.
Тоҷикистон – кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризму экстремизм
Ин буд муҳтавои ҳамоише, ки дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки кормандони корхона ва намояндаи прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ доир гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҳамоиш оид ба равандҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша шуд.