«ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. ЧАРО ОИЛА ЗИЁДУ ҲОСИЛ КАМ АСТ?»
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ҳамкориҳои судманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» вобаста ба нашри дастоварду мушкилоти ҷойдоштаи соҳа изҳори сипос менамояд. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳад, ки мақолаи рӯзноманигор Кароматулло Ато «Занбӯриасалпарварӣ. Чаро оила зиёду ҳосил кам аст?», ки 30-юми майи соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин робита гуфтан ҷоиз аст, дар вилоят ҷиҳати рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар асоси маълумоти оморӣ ва тадбирҳои андешидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, оилаи занбӯри асал ба ҳолати 1-уми январи соли равон ба 80041 расонда шудааст, ки назар ба нишондоди соли 2022-юм 210 оила зиёд аст. Бо ин мақсад, аз тарафи занбӯриасалпарварон мунтазам ҷиҳати зиёд намудани оилаҳо ва баланд бардоштани маҳсулнокии соҳа чораҳои саривақтӣ андешида мешаванд.
Таҳлили маълумоти оморӣ собит намуд, ки соли сипаришуда дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 1577 тонна асал истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 45,7 тонна зиёд мебошад.
Имрӯзҳо аз тарафи Ассотсиатсияи занбӯриасалпарварони вилоят ҷиҳати боз ҳам зиёд кардани оилаи занбӯри асал ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Зариф МИРДАДО, муовини раиси вилояти Суғд