Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллати тоҷик ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодамон аст, ки дар тули қарнҳо шинамию зебоиашро гум накардааст. Халқи тоҷик чун кашшофу ихтироъкори абрешим ва матоъҳои абрешимӣ, аз қабили атласу адрас, шоҳӣ, беқасаб, карбос, алоча, чит дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, месазад, ки мо низ меросҳои арзишманди ниёгон – забон, урфу одат ва либоси миллиамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба ояндагон супорем.
Мутаассифона, бо вуҷуди роҳандозӣ намудани ин тадбирҳо ва тарғибу ташвиқи самтҳои мусбати ин раванд, солҳои охир миёни ҷавонони мо, хусусан занон, тақлид ба фарҳанги бегона, ба мисли пӯшидани пероҳанҳои кӯтоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ ва ҳиҷобу сатр авҷ гирифт, ки ин хавфи косташавии фарҳанги миллиро ба миён хоҳад овард. Коста гардидани ахлоқи ҷавонон, ривоҷ ёфтани тақлидкорӣ ба фарҳанги бегонагон боиси баҳсҳои доманадор миёни ҷомеа ва нигаронии Сарвари давлат гардид.
Воқеан, чунонки аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯз барои аксари бонувон пӯшидани либосҳое мӯд шудааст, ки хоси миллати тоҷик нест. Яъне, солҳои охир ҷойи либосҳои миллӣ – атласу адрас, чакан ва тоқичаҳои гулдӯзии зебои тоҷиконаро либоси ғайр иваз намудааст.
Миҷгона Бобоева, омӯзгори МТМУ № 37-и шаҳри Ҳисор, дар робита ба ин масъала, изҳор дошт, ки имрӯзҳо дар кӯчаю бозорҳо, роҳраву гузаргоҳҳо, маъракаю ҷойҳои ҷамъиятӣ бо занон ва духтароне дучор меоем, ки сатр ё ҳиҷоб ба бар кардаанд. Бархе аз ин нафарон сарулибоси сиёҳ пӯшида, иддаи дигар бо шиму камзӯлчаҳои танг, гурӯҳи дигар дар тан сатр пӯшидаанд, аммо дар рӯй рангубори зиёди диққатҷалбкунанда, ороишоти гуногун, миҷгону нохунҳои сунъӣ гаштугузор доранд. Мехоҳам, махсус зикр намоям, ки он ороишоти аз андоза зиёди онҳо, пардози сунъӣ, аз қабили дигар намудани тарҳи рӯй ва лабу даҳон, ки имрӯз барои аксари бонувон мӯд шудааст, баръакс, ҳусни табиии онҳоро коста намуда, ба назар бенур менамоянд.
– Ҳанӯз аз замонҳои қадим модарону бибиҳои мо пероҳанҳои тоҷикии зебову дарози аз зону поён, рӯймоли шинами ҷолиб ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси онҳо набуд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст, хоси миллати мо нест. Либоси сиёҳ нишонаи торикӣ, ҷаҳолат аст, ки дар баъзе мамлакатҳо танҳо дар рӯзҳои мотам ин навъ пероҳанро ба бар мекарданд. Саволе ба миён меояд, ки чаро мо ба ҷойи он, ки либосҳои хуштарҳу зебои миллии худро ба бар намоем, тарғиби либоси дигар миллату халқиятҳоро дар Ватани аҷдодии худ ба роҳ мондаем? Магар сокинони он давлатҳо атласу адрас, чакану гирбишин, балху чити моро ҳамарӯза ба бар мекунанд? – мегӯяд М. Бобоева.
Кас ба ҳайрат меояд, ки латофату назокат, ҷазобати духтарони тоҷик, одоби шарқиёна, анъанаҳои неки ниёгонамон, симои ҳақиқии духтари тоҷик куҷо шуд?
Халқи тоҷик таърихи бою ғанӣ ва анъанаҳои хуб дорад. Аз аҳди қадим низ зани тоҷик худро зебову ороста мекард. Агар саҳифаҳои таърихи гузаштаро варақгардон кунем ва занони дирӯзро пеши назар биёварем, чи зебоиву латофатҳо, чи симоҳои дилкаш бо пероҳанҳои хушдӯхту тоҷикона, бо ҳусни табииву шарму ҳаёи ориёна пеши назар меоянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки он вақтҳо молу матоъ камчин ва дарёфти моли дилхоҳ мушкил буд.
Ҳоло дар кишвари мо барои занон тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуданд. Дар навбати аввал, сулҳу суботи сартосарии кишвар, серию пурӣ, фаровонии тамоми молу маҳсулот, арҷгузории арзандаву пайваста баланд бардоштани мақоми бонувон, таъмини онҳо бо ҷойи кори дилхоҳу зиндагии шоиста набояд аз мадди назарҳо дур бошанд. Набояд фаромӯш кард, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”