Дар толори компютерии Муассисаи давлатии “Маркази технологӣ ва иттилоотӣ”-и назди сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе, раиси Комиссияи озмуни стипендияҳои раиси шаҳри Душанбе барои соли хониши 2023-2024 даври шаҳрии озмуни стипендияҳои раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он аъзои Комиссияи шаҳрӣ ва ҳайати экспертии озмун иштирок намуданд.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода бо довталабони рӯзи аввали озмуни мазкур, ки дониҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе буданд, мулоқот карда, ба онҳо ҷиҳати ғолиб омадан дар озмун барору комёбӣ таманно намуд.
Озмун 8-уми апрели соли ҷорӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе бо фарогирии 163 нафар, 9-уми апрел миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳр бо иштироки беш аз 30 нафар ва рӯзҳои 11-13-уми апрел байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои шаҳри Душанбе бо фарогирии беш аз 500 нафар довталаб аз ҳисоби ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур баргузор шуда, ғолибон тавассути саҳифаҳои расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои маориф ва кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе эълон мегарданд.
Бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дар толори Муассисаи болозкир зери роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода бо ҳайати Комиссияи даври шаҳрӣ, Комиссияи экспертӣ ва директорони коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гашта, ба масъулон дастуру супоришҳои муфид дода шуд.
"САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА". ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ПОЙТАХТ
Дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо – «Сайри гули лола» дар пойтахт барпо гардид. Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ муовинони раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода зикр кард, ки натиҷаи сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому заҳматҳои ҳамарӯзаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе мебошад, ки пойтахти азизамон дар давоми солҳои охир симои наву замонавӣ гирифта, ба талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ мутобиқ мегардад.
Раванди корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи Нақшаи генералии шаҳр ва бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа ба роҳ монда шудааст.
Дар ин ҷода, бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе, тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 2023, қарори раиси шаҳри Душанбе аз 11-уми марти соли 2024 «Дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии сокинон мебошад.
Дар доираи баргузории фестивали мазкур, ҳамзамон, озмуни гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” ба нақша гирифта шуд, ки аз 5 номинатсия: номинатсияи боғи беҳтарин, гулгашти беҳтарин, кӯчаи (хиёбони) беҳтарин, композитсияи беҳтарин ва гулпарвари беҳтарин иборат буда, дар ду давр: даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ гузаронда шуд.
Даври якуми озмун дар ноҳияҳои шаҳр баргузор гардида, ғолибони он дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ бо мукофотҳо сарфароз гаштанд. Даври шаҳрии озмун, тибқи низомнома, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ баъд аз пешниҳоди натиҷаҳои ҷамъбасти озмуни ноҳиявӣ баргузор гардид. Гурӯҳи корӣ ҳамаи боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳрро мавриди омӯзиш қарор дода, дар рафти баҳогузорӣ шумораи гулҳои шинондашуда, намуди гулҳо, интихоби композитсия ва дизайни ҷолиб дар мавзеъҳои гулзоршуда, сифати корҳои иҷрогардида, ҳолати нашъунамо, тозагӣ ва корҳои ободонӣ ба инобат гирифта шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони озмун мукофотҳоро супурд. Ёдовар мешавем, ки ғолибони ҳама номинатсияҳои озмун барои ишғоли ҷойҳо бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва мукофотпулӣ мутаносибан ба маблағи 10000, 7000 ва 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Л. ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»