Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе 100-сола мешавад
Шаҳри Душанбе бузургтарин маркази илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва маъмурии кишвар мебошад, ки давоми 100 сол аз як деҳа ба шаҳри мутамаддини сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт.
ТАЪСИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
24-уми августи соли 1924, пас аз ташкили ҶМШС Тоҷикистон, Комиссияи марказии тақсимоти ҳудудии миллӣ аз Комиссияи миллии тоҷикон хост, ки пойтахти мухторияти ояндаи худро муайян кунад. Комиссия аввал шаҳраки Қаратоғро чун маркази нави маъмурӣ пешниҳод кард, аммо бо пешниҳоди ҳарбиён Душанбе пойтахти давлати навбунёди тоҷикон интихоб гашт.
2-юми сентябри соли 1926 маҷлиси раёсати Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон тарҳи нави Душанберо баррасӣ намуда, моҳи апрели соли 1927 Совети комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе» қарор қабул намуд.
Дар ибтидои асри ХХ Душанбе аз 14 гузар иборат буд. Шаҳраки Душанбе калонтарин минтақаи аҳолинишин ба шумор рафта, қалъаи мудофиавӣ дошт. Дар ҳудуди Душанбе шаҳрак ва деҳкадаҳои Шоҳмансур (дар ҷои имрӯзаи ҳудуди Вазорати маориф ва илм), Сариосиё (доманаи теппа дар шарқу шимол), Ғофилобод (дар мавзеи имрӯзаи ҳудуди Китобхонаи миллӣ), Миришикор, Хуҷанбиёи Боло ва Хуҷанбиёи Поён (дар мавзеи корхонаи семент), Қарияи миршикор, Чармгарон ва Заргар воқеъ буданд.
15-уми октябри соли 1929 дар Душанбе анҷумани сеюми фавқулодаи умумитоҷикии Шуроҳо кори худро оғоз намуда, 16-уми октябр эъломияи таъсис додани ҶШС Тоҷикистон қабул гардид ва шаҳри Душанбе ба Сталинобод табдили ном кард.
Нахустин лоиҳаи генералии бунёди Душанбе соли 1930 қабул шуд. Дар Душанбеи навбунёд заминаҳои маъмуриву идоракунии мамлакат гузошта шуд, аз ҷумла, бинои нозирони Комиссариати халқӣ, Комиссариати зироат, Комиссариати алоқа ва ғайра бунёд гардиданд. 10-уми сентябри соли 1929 тавассути роҳи оҳани паҳнбар қатораи нахустин ба Душанбе омад. Робита тавассути роҳи оҳан бо Москва ва дигар шаҳрҳои иттифоқӣ шуруъ гардида, рушди иқтисоди Тоҷикистон оғоз ёфт.
3-юми марти соли 1938 Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи генералии шаҳри Душанберо тасдиқ намуд, ки барои 170 ҳазор сокин муқаррар шуда, сохтмони шаҳр дар соҳили чапи дарёи Варзоб пешбинӣ гардид. 23-юми январи соли 1939 бо фармони раёсати Шурои вазирони Тоҷикистон дар Душанбе се ноҳияи маъмурӣ – Душанбе, Марказӣ ва Роҳи Оҳан таъсис ёфт.
Солҳои ҳокимияти шуравӣ Душанбе ба маркази бузурги фарҳангӣ ва илмӣ табдил шуд. Соли 1961 дар пайи сиёсати зиддисталинӣ дар ИҶШС номи таърихии шаҳр – Душанбе баргардонда шуд.
ЧАРО ДУШАНБЕ?
Аз ҷойноми «Душанбе» нахустин бор дар китоби Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳру-л-асрор фӣ маноқиби-л-ахёр» (1636) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба подшоҳи Русия Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде соли 1826 шаҳр «Душанбе-қӯрғон» номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» аст. Қалъаи Душанбе дар канори чапи дарёи Варзоб ҷой дошт ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор ташкил мешуд. Номи кунунии пойтахт ёдовари ҳамин бозор аст. Ин ҷойро «Душанбе-бозор» мегуфтанд, бо гузашти замон дар ин мавзеъ маҳалла пайдо шуд ва он Душанбе ном гирифт.
АЗ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХ
Дар ҳудуди имрӯзаи Душанбе, тақрибан 2300-2400 сол пеш тамаддуни шаҳрнишинӣ мавҷуд будааст. Бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, харобаҳои шаҳристон, боқимондаи димна, арку қалъа, дахмаву дафнгоҳҳо ва сиккаҳои қадимие, ки аз ҳудуди Душанбе ва мавзеъҳои атрофи он ёфт шудаанд, далели ин гуфтаҳоянд.
Ба андешаи бостоншиносону таърихнигорон ҳудуди таърихии сукунати мардуми атрофи Душанбе дар минтақаи дарозиаш 80 км ва паҳноияш то 20-24 км ҷой гирифта буд. Ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди Душанбе солҳои 30-юми асри 20 оғоз ёфт. Соли 1941 П.И. Смоличев дар қисми шимолу шарқи шаҳр дафинаеро кашф намуда, аз он ҷо миқдори зиёди сафолпораҳоро пайдо кард. Чунин маснуоти сафолӣ аз ҳудуди корхонаи бофандагӣ низ ёфт шуданд. Соли 1948 бо сарварии академик А. П. Окладников гурӯҳи бостоншиносон таҳқиқи атрофи Душанберо идома дода, бозёфтҳои маданияти кӯҳистонии Тоҷикистонро аз рӯи ёдгории барҷастаи ин давра – Теппаи Ғозиёни Ҳисор «маданияти Ҳисор» номида, таърихашро ба ҳудуди ҳазорсолаҳои 4-3 то мелод мансуб донист.
Ҳудуди Душанбе ва музофоти атрофи он дар асрҳои миёна бо номи шаҳр ва вилояти Шумон ёд шудааст. Дар рисолаи «Ҳудуд-ул-олам» (982-983) ин макон чунин тасвир шудааст: «Шумон шаҳрест устувор ва гирди ӯро кӯҳҳо иҳота кардаанд, андар миёни он рӯди бузург аст ва аз вай заъфарон хезад». Ба андешаи таърихнигор Ғ. Ғоибов дар китоби «Таърихи Ҳисори шодмон, Чағониён ва Душанбе» (1999), шаҳру вилояти Шумон дар ҷануб то Қубодиёну Вахш, дар ғарб то Аҳорун, дар шимол то ағбаи Анзоб ва дар шарқ то Кофарниҳон, ки на чандон дуртар аз он Қалъаи шодмон воқеъ аст, тӯл мекашид. Ин ақидаро бори нахуст шарқшиноси машҳури рус В. В. Бартолд (1869-1930) ҳангоми омӯзиши «Ҷуғрофиёи Сомониён» баён намудааст.
ДУШАНБЕИ МУОСИР
9-уми сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII баргузор гардид, ки он эъломияи Истиқлоли давлатиро қабул карда, Душанбе пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёд гардидани маҷмааву кохҳои меъмориву фарҳангӣ, хиёбонҳову кӯчаҳои васеи мумфарш, иморатҳои маъмуриву истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои маърифативу илмӣ ва адабӣ Душанбе ба яке аз шаҳрҳои бошукӯҳи ҷаҳон табдил ёфт. Бо қарори ЮНЕСКО барои саҳми бузург доштан дар мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, гуногунандешӣ ва якдилӣ дар ҳаёти ҳаррӯза соли 2003 Душанбе дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ба Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» дараҷаи I сазовор гардид.
Имрӯз Душанбе аз 4 ноҳияи маъмурӣ – Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино иборат аст.
10 соли охир симои шаҳри Душанбе ба кулли тағйир ёфт. Бунёди биноҳои боҳашамати Қасри миллат, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Қасри Наврӯз, биноҳои парлумон, Ҳукумати ҷумҳурӣ (сохтмонашон ҷараён дорад), маҷмааи “Истиқлол”, роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, боғу гулгаштҳо ва садҳо бинои баландошёнаи маъмуриву истиқоматӣ ба ҳусни пойтахт ҳусн зам намуд.
Дар ҳафт соли охир зиёда аз 1300 иншоот бо маблағи умумии 21,7 миллиард сомонӣ сохта шуд.
Имрӯз Душанбе бо 18 шаҳри дунё паймони бародаршаҳрӣ дорад: Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтленген (Олмон), Санкт-Петербург (Федератсияи Россия), Теҳрон, Шероз (Эрон), Минск (Ҷумҳурии Белорус), Мазори Шариф (Афғонистон), Урумчӣ, Сямен, Хайнан, Чиндао (Чин), Лоҳур (Покистон), Санъо (Яман), Монастир (Тунис), Лусака (Замбия), Шероз (Эрон), Анқара (Туркия), Ашқобод (Туркманистон).
Бар асоси гузориши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати 1-уми январи соли 2022 аҳолии шаҳри Душанбе 1 201,8 миллион нафар аст.
Аз соли 2005 дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки имсол ба 20-уми апрел рост меояд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”