Дар толори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатлон баргузор гашт. Дар он аъзои Шуро масъалаи таҳлили таҷрибаи санҷишу тафтишотии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, бахусус садамаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди вилояти Хатлонро, мавриди муҳокима қарор доданд.
Зимни суханронии худ прокурори вилоят Авазҷон Назарзода иброз дошт, ки масъалаи муҳокимашаванда яке аз мушкилоти ҷомеа маҳсуб ёфта, зиёд гардидани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт боиси ташвиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди вилоят бар асари садамаҳои нақлиётӣ соли 2023 дар маҷмуъ, 237 нафар ба ҳалокат расид.
Тибқи таҳлилҳо сабабҳои ба вуқуъ пайвастани садамаҳои нақлиётӣ бо суръати баланд ҳаракат кардан, қоидаҳои сабқатро риоя накардан, нигоҳ надоштани фосилаи дахлдор, риоя накардани қоидаҳои аз чорроҳа гузаштан, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт, хоб бурдан дар сари чанбараки воситаи нақлиёт, бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани автомашина арзёбӣ гардид.
Дар рафти Шуро, ҳамзамон, сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода суханронӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракати роҳ, ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва мусофиркашонӣ, аз байн бурдани тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва пешгирии садаманокӣ як қатор пешниҳодҳо ироа намуд. Зимнан, аз роҳбарияти ширкатҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ талаб намуд, ки барои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ либоси ягона ҷорӣ карда шуда, тозагии воситаҳои нақлиёт ташкил, маданияти ронандагон ва муоширати онҳо бо мусофирон дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ карда шавад.
Ш. Назарзода, ҳамчунин, доир ба пурзӯр намудани риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ, итоат кардан ба талаботи чароғаки роҳнамо, аз байн бурдани гузоштани воситаҳои нақлиёт дар қатори дуюму сеюм, пурзӯр намудани раванди дарс дар мактабҳои ронандатайёркунӣ назди масъулон як қатор дастуру супоришҳои қатъӣ гузошт. Таъкид шуд, ки мақомоти дахлдорро лозим аст, ки ҷиҳати кам намудани садамаҳои нақлиётӣ корҳои назоратии иҷрои қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷоннок намоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
БОХТАР. РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО КОРИ ДЕҲҚОНОН ОШНО ШУД
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат 13-уми апрел раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Азимҷон» шинос шуда, кишоварзонро ба меҳнати пурсамар ташвиқ кард.
Хоҷагии деҳқонии «Азимҷон» дар масоҳати 3 гектар гармхона бунёд карда, ба парвариши помидор, бодиринги барвақтӣ ва дигар намуди сабзавот машғул аст.
Раиси вилоят ба таҷрибаи ин деҳқони асил ҷиҳати ташкили гармхона ва парвариши помидору бодиринг баҳои баланд дода, фаъолияти ӯро барои дигар сокинони кишвар намунаи ибрат ва қобили таҳсин хонд.
Раиси вилоят афзуд, ки фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисси масъулияти сокинон дар самти истифодаи мақсадноки замин ва меҳнати пайвастаи онҳо шаҳодат медиҳад.
Таъкид гардид, ки дар оянда гармхонаҳои замонавӣ сохта, бо технологияҳои нав ҷиҳати серҳосилӣ кӯшиш ба харҷ дода шавад.
Зимни суҳбат бо хоҷагидор ва сокинони маҳалла раиси вилоят таъкид намуд, ки дар чунин вазъияти ҳассоси ҷаҳон фарзандонро дар руҳияи ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ тарбия намудан лозим аст, зеро гурӯҳҳои ифротӣ мехоҳанд ҳар сарзамини амнро ноором созанд.
Сокинон гуфтанд:"Маҳаллаи мо пайваста дар корҳои ободонӣ дар сафи пеш қарор дорад ва дар даъвати баҳорӣ ҷавонони мо аввалин шуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд". Инчунин, гуфта шуд, ки дар оянда ният дорем, роҳҳои дохили маҳалларо бо саҳми соҳибкорон ва сокинон пурра асфалтпӯш намоем.
Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи Бадриддин Маҳмадраҳимов ташриф оварда, аз заминҳои наздиҳавлигии ӯ низ дидан намуд. Бадриддин Маҳмадраҳимов дар масоҳати 0,06 гектар замини ҳавлиаш барои парвариши помидору бодиринги барвақтӣ гармхона сохта, ҳар як ваҷаби заминро оқилонаву пурсамар истифода мебарад ва соле ду-се ҳосил мерӯёнад.
Раиси вилоят, ҳамчунин, бо гармхонаи доимоамалкунанда дар қитъаи замини ҳавлии шаҳрванд Фурқат Қосимов ошно гардида, саҳми ӯ ва дигар сокинони маҳалларо дар таъмини амнияти озуқаворӣ чашмрас арзёбӣ кард.
Зимни суҳбат бо сокинони маҳаллӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза бояд ҳар як оилаи мамлакат ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро ба манфиат истифода бурда, дар навбати аввал, талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи ғизоӣ қонеъ сохта, ба ин васила, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"