Аз 15 то 20-уми апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мегарданд.
Дар ин хусус ба мо аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, ки рӯзи 15-уми апрел ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба хотири баргузории Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омад. Ҳайати меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулон тибқи одобу суннати меҳмондории тоҷикона истиқбол гирифтанд.
Дар доираи ин рӯзҳо дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб барои алоқамандони синамо филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов», «Судя», «Таҳаввулот» ва «Зинда бод ҳамсар!» намоиш дода мешаванд.
Мутобиқи барнома 16-уми апрел дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар робита ба баргузории Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир мешавад. Чорабинӣ дар кинотеатри «Наврӯз» бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» оғоз мегардад.
Ҳамзамон, дар ин давра ҷаласаи комиссияи муштараки синамогарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба таҳияи сенарияи филми ҳунарии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» доир гардида, филмнома мавриди таҳриру таҳлил қарор дода мешавад.
Инчунин, дар доираи Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон 17-уми апрел дар қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода мешавад. 18-уми апрел бошад, дар қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор филми ҳунарии «Судя» ба алоқамандони синамо манзур мегардад. Дар шаҳри Ваҳдат филми ҳунарии «Абдулло Орифов» ба намоиш гузошта мешавад. Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон 19-уми апрел дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод ҳамсар!» анҷом меёбанд.
Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва маконҳои зебою дилпазири шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзобро тамошо менамояд.
Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории синамогарони тоҷику ӯзбек заминаи мусоид гузошта, дӯстии ду миллати ҳамҷаворро боз ҳам таҳким мебахшад.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»