15-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таҳти унвони "Соли 2030. Ҳадафҳои рушди таҳсилоти олӣ ва илм дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон" Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз гардид.
Дар ифтитоҳи Форум вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конгратбай Шарипов, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар иштирок намуданд.
Зимни ироаи маърузаҳои ифтитоҳӣ таъкид шуд, ки баргузории Форуми мазкур дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат хоҳад намуд. Масъалаи ҳолати кунунии ҳамкориҳо, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, масоили марбут ба табодули омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани ҳамоишҳои гуногуни илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ, ташкили раванди омӯзиши таҷрибаи пешрафта, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф аз масъалаҳои меҳварии баррасишавандаи Форум ба ҳисоб мераванд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Э. Насриддинзода дар робита ба густариши ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарони олии ду кишвар маъруза намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи сарварони ду кишвари дӯст рушди илму маориф ба самти афзалиятноки сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст. Дар замони ҷаҳонишавӣ равобити муштараки донишгоҳҳо ва марказҳои илмию таълимӣ муҳим мебошад. Ҳамкориҳои имрӯзаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла Донишгоҳи миллӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намояд.
Ин дуюм вохӯрии ректорони донишгоҳҳои мамлакатҳои бародар мебошад, ки дар рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба, бисёрҷониба бо муассисаҳои олии касбии кишварҳои дӯст, дар самти таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишварҳо ҷавобгӯ, инчунин, татбиқи чораҳо вобаста ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ замина мегузорад.
Форум давоми ду рӯз дар се бахш идома намуда, масъалаҳои мубрами илму таълим ва равобити байналмилалӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа баррасӣ хоҳанд шуд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”