Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид карданд, ки «таърихи давлатдории навини тоҷикон ва гузашти вақт дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир собит сохт. Таҳлилу баррасии иқдомоти беш аз сию ду сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст».
Бояд қайд намоем, ки ҷомеаи мутамаддин ва давлатҳои муосир бо роҳи давлати дунявӣ пеш рафта истодаанд ва ин шакли давлатдорӣ боиси суботи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ миёни пайравони дину мазҳабҳои гуногун, рушди устувор ва кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон гаштааст.
Дар замони муосир аксари давлатҳо, хусусан давлатҳои пешрафта давлатдории худро дар асоси ин принсип амалӣ менамоянд. Тибқи принсипи давлати дунявӣ, сохтору мақомот ва кормандони онҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳо фаъолият, ба меъёру одатҳо ва иттиҳодияҳои динӣ вобаста набуда, мустақилона вазифаҳои худро иҷро мекунанд.
Давлати дунявӣ дар маҷмуъ принсипҳои зеринро дар бар мегирад: 1) давлат, сохтору мақомоти он ба дин вобаста нест ва мустақилона вазифаҳои худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳо, ки моҳияти дунявӣ доранд, амалӣ мекунанд; 2) давлат аз иттиҳодияҳои динӣ ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошад; 3) мафкураи ягон дин (мазҳаб) ба сифати мафкураи давлатӣ ва ҳатмӣ эътироф карда намешавад; 4) меъёрҳои динӣ аз меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷудо буда, ба меъёрҳои ҳуқуқӣ мухолиф буда наметавонанд; 5) иттиҳодияҳои динӣ бояд меъёрҳои ҳуқуқии ба онҳо дахлдоштаро риоя ва иҷро кунанд; 6) тамоми ташкилотҳои динии равияҳои гуогун баробарҳуқуқанд; 7) аъзои иттиҳодияҳои динӣ (диндорон) сарфи назар аз дину мазҳабашон баробарҳуқуқанд ва нисбат ба дигарон дар ҷомеа ва давлат ягон бартарӣ надоранд.
Дар навбати худ дар давлати дунявӣ давлат, сохтору мақомоти он ягон ваколати худро ба иттиҳодияҳои динӣ вогузор намекунанд, қарорҳои худро бо онҳо мувофиқа намекунанд, иттиҳодияҳои динӣ ва намояндаи онҳо низ ба сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода наметавонанд ва ҳамчун иттиҳодияи динӣ ва намояндаи он бевосита дар идоракунии давлатӣ иштирок намекунанд.
Инчунин, бояд қайд намоем, ки давлати дунявӣ маънои онро надорад, ки иттиҳодияи динӣ аз ҷомеа тамоман ҷудо ё берун аз он ҳастанд. Онҳо низ як унсур, сохтори ҷомеа мебошанд. Саҳм ва нақши онҳо дар маънавиёту фарҳанг ва таҳкиму рушди ҷомеа бояд назаррас бошад.
Аз ин нигоҳ, давлати дунявӣ ҳеҷ гоҳ маънои давлати зиддидинӣ ё атеистиро надорад. Дар давлати дунявӣ озодии шахс пурра таъмин мебошад. Шахс ҳуқуқ дорад озодона ба дину мазҳабе пайравӣ кунад, расму оинҳои онро мустақилона ё якҷо бо дигарон иҷро намояд. Озодии шахс, ҳамчунин онро низ ифода мекунад, ки шахс метавонад ба дине ё мазҳабе пайравӣ накунад ва расму оинҳои онро ба иҷро нарасонад. Ин принсипи озодии виҷдон буда, беҳтарин арзиши ҷомеаи мутамаддини муосир ва давлати дунявӣ мебошад.
Бояд иброз дошт, ки интихоби ин низоми давлатдорӣ маҳз бо ташаббус ва истодагариҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буданд, ки мақсади мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем. Ба таври қотеона изҳор гардидани ин иқдом ба дили халқи Тоҷикистон шуълаи умедро ба ояндаи нек фурӯзон кард ва онҳо ба ояндаи дурахшони худ боварии қатъӣ пайдо намуданд.
Ин тасмим гардиши куллие буд дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон, зеро пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди абарқудрати Шуравӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон номуайянӣ дар ин ҷода ба вуҷуд омада буд. Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом ва пайравони он бо дастгирию мусоидати хоҷагони хориҷии худ, инчунин, баъзе дигар руҳониён бо ҳар роҳу восита мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо намоянд. Собиқ Ҳизби коммунист ва тарафдорони онҳо мехостанд низоми коммунистиро (роҳбарии дастҷамъонаро) нигоҳ доранд. Дар чунин вазъият аз ҷониби Сарвари давлат ба таври қатъӣ изҳор гаштани барпо кардани давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ба ҳамаи нофаҳмиҳо ва дудилагию тарафкашиҳо хотима бахшид.
Ин иқдому ибтикори Сарвари давлат дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфт, ки тибқи он «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».
Муҳимияти ин арзишро ба инобат гирифта, дар моддаи 100-и Конститутсия сабт шудааст: «Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд». Тағйирнопазир эътироф шудани ин арзишҳои воло ба он алоқаманд мебошад, ки онҳо барои ҷомеа, давлат ва ҳар як шаҳрванд муҳим, тақдирсоз ва муайянкунандаи ҳаёти имрӯза ва ояндаи ӯ мебошад. Касе, гурӯҳе, сохтор ва мақоме ҳуқуқ надорад, ки барои тағйири ин арзишҳо амалеро анҷом диҳад.
Ҳамон тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид карданд, Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси принсипи демократӣ ва дунявият сиёсати давлатро дар даврони соҳибистиқлолӣ амалӣ карда, вазифаҳои худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст. Дар асоси ин сиёсат имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид (дар замони шуравӣ ҳамагӣ 17 масҷид), беш аз 250 ҳазор ҳоҷиён, зиёда за 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Ҳамчунон, дар пойтахти Тоҷикистон бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд шудааст.
Ҳамаи ин гуфтаҳо гувоҳи онанд, ки давлати дунявӣ арзиши муҳими ҷомеаи мутамаддин буда, озодии шахсро дар пайравӣ кардан ба дину мазҳабҳо, иҷро намудани расму оинҳои диниашон пурра таъмин менамояд.
Зариф АЛИЗОДА, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ