Дар замони муосир бо пешрафти бесобиқаи технология фаъолияти ҳеҷ мақомот ва идораву ташкилотҳоро бидуни сомонаҳо ва саҳифаҳои вижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро аксари мардум иттилоъро аз тариқи интернет дастрас менамоянд. Вазорату кумита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идораву ташкилотҳои зиёдеро мисол овардан мумкин аст, ки тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз фаъолияти худ маълумот нашр мекунанд. Мутаассифона, дар ин миён боз мақомотҳое низ ҳастанд, ки сомона дошта бошанд ҳам, аз он самаранок истифода намебаранд.
Ҳадаф аз таъсиси сомона ё саҳифа дар шабакаи иҷтимоӣ сари вақт огоҳ сохтани мардум аз фаъолияти ин ё он ниҳод, бо маълумоти саҳеҳ пур кардани фазои иттилоотӣ, дастрасии шаҳрвандон ба иттилои зарурӣ ва роҳ надодан ба маълумоти бардурӯғ аз ҷониби шахсону сомонаҳои ғаразпеша дар фазои маҷозӣ мебошад. Ба ин хотир, 10-уми июли соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар шабакаи интернет тасдиқ ва барои иҷро ирсол шуд.
Мақсад аз таҳия ва тасдиқи қоидаҳои мазкур, ташаккул ва рушди ҳукумати электронӣ, таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот” мебошад.
Вобаста ба ҷой доштани камбудиҳо дар ин самт, барои хонандагон натиҷаи омӯзиши сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғунро пешкаш мекунем. Тавре мушоҳида нишон дод, фаъолияти сомонаи мазкур камранг аст. Мо хостем маълумотҳои дар сомонаҳо ҷойдодашударо ба хонандаи азиз расонем, аммо, мутаассифона, охирин матлаб дар он 3-юми ноябри соли 2023 ҷой дода шудааст.
Ии мушкилӣ борҳо аз тарафи хабарнигори рӯзнома ба иттилои масъулон расонда шуд. Дар ҷавоб онҳо пайваста ваъда медоданд, ки рӯзҳои наздик ин масъала ҳалли худро меёбад. Вале то ҳанӯз мушкили мазкур рафъ нашудааст.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки то имрӯз дар бахши русӣ ва англисии сомонаи расмии шаҳри Роғун (https://roghun.tj) низ ягон матлаб нашр нашудааст. Ҳол он ки шаҳри Роғун ба шарофати бунёди азимтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ – НБО “Роғун” дар ҷаҳон маъруфияти бештар пайдо кардааст ва дидани он орзуи сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад. Аз ин рӯ, фаъол будани бахшҳои русиву англисии сомона тақозои замон аст.
Ахиран, бояд таъкид созем, ки фаъол набудани сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маънои иҷро накардани қарори Ҳукумати мамлакат ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад. Умедворем, ки баъди нашри матлаби мазкур барои фаъолгардонии сомона ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта масъулон чораҳои мушаххас меандешанд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”