18-уми апрел, баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ, дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосаи сарварони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Зимни мулоқоти сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ муҳокима гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Таъкид шуд, ки Ӯзбекистони ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон аст ва муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Аз ин рӯ, дар мулоқоти сатҳи олии ду кишвар бо иштироки ҳайатҳои расмӣ оид ба ҳолати имрӯзаи ҳамкорӣ дар ин бахшҳо муовинони сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон гузориш доданд. Баъди гузориши шахсони масъули ҳукуматҳои ҳар ду кишвар масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо матраҳ гашт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ, рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва амният изҳори қаноатмандӣ карданд. Нақши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар таъмиқи муносибатҳои ду кишвар назаррас арзёбӣ гардид. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ, тиҷорати электронӣ ва хизматрасонии замонавии саноатӣ самтҳои наву ояндадори робитаҳо дониста шуд. Таъкид шуд, ки бастаи нави санадҳои дуҷонибаи имзошаванда, аз ҷумла ҳуҷҷати таърихии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ, заминаи ҳуқуқии ҳамкориро ба таври назаррас тақвият мебахшанд.
Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, мошинсозӣ, коркарди муштараки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзуъҳои дигари музокироти ду кишвар буд. Рушди ҳамкорӣ дар сохтмони муштараки неругоҳҳои бодию офтобӣ аз самтҳои судовари робитаҳои ояндаи ду кишвар номида шуд.
Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳо оид ба густариши робитаҳо дар соҳаи нақлиёт, боркашонӣ, таъсиси хатсайрҳои нав байни минтақаҳои ду кишвар ва идомаи талошҳо ҷиҳати сохтмони роҳҳои оҳан, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гашт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон доранд ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд. Дар раванди рушду густариши муносибатҳо ҳамкории байни минтақаҳо, тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои шаҳрвандони ду кишвар ва чопи муштараки китобҳои дарсӣ амри муҳим арзёбӣ гардид. Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои таъмини амният дар минтақа, таҳкими фаъолияти сохторҳои марбута дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, зуҳуроти ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро баррасӣ карданд. Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ муҳокима шуд.