ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
ОЛИМИ ТОҶИК БО ДУ КАШФИЁТИ НОДИР ШУҲРАТИ ҶАҲОНӢ КАСБ КАРД
Махсуд Саидаминов, донишманди 33-солаи тоҷик, бо ду кашфиёти нодир дар доираҳои илмии ҷаҳон ном баровард.
Ӯ аз ҷумлаи нахустин олимони химия аст, ки ҳалшавии баръакси перовскитҳоро дар маҳлулкунандаҳои гуногун муайян ва роҳи ҷадиди кристалликунонии перовскитҳоро кашф кард, ки барои такмили батареяҳои офтобӣ муҳим буда, феълан аз ҷониби гурӯҳҳои илмии пешқадами дунё истифода мешавад. Кашфиёти дигари олими ҷавони тоҷик сорбенти магнитии нафт аст, ки дар ҷамъоварии маводи нафтии ба дарёву кӯл, баҳру уқёнус рехта истифода мешавад ва як грамми он барои аз об ҷудо кардани то 80 грамм нафт кофӣ будааст.
Махсуд, зодаи шаҳри Исфара буда, аввали соли 2017 барои кор дар Донишгоҳи Торонтои Канада даъват шуд ва дар робита ба дастовардҳои илмиаш аз ҷониби Ҳукумати Канада бо ҷоизаи муътабари Бантинг сарфароз гардидааст. Ҳоло олими номвар бо беш аз 40 гурӯҳи илмии пешқадами байналмилалӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои илмии донишгоҳҳои Оксфорд, Нотрдам, MIT (ИМА), ЕTH (Швейтсария) ҳамкорӣ дорад.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
АГАР ХУШБИН БОШЕД...
Марди камбағал аз ҳакиме пурсид:
- Чаро аҳволи ман ҳеҷ хуб намешавад?
- Барои он ки аз ҳиммату саховат кор намегирӣ!
- Чӣ гуна метавонам олиҳиммат бошам, ки ҳеҷ моле барои бахшандагӣ надорам? - хитоб кард марди камбағал.
- Ту аз панҷ бойигарие, ки дорӣ истифода намекунӣ. Аввал, ин ки табассум намекунӣ. Дуввум, дар муносибат бо мардум нигоҳи меҳрбор надорӣ, сеюм, сухани хубро ба забон намеорӣ, чаҳорум, хушбахтии дигаронро намехоҳӣ ва ниҳоят ягон амали хайреро анҷом намедиҳӣ, дар ҳоле ки тавони ин ҳама амалҳоро дорӣ, - гуфт ҳакими доно.
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
200 000 ДОЛЛАР ҶАРИМА БАРОИ СУРЪАТИ БАЛАНДИ ҲАРАКАТ
Дар Финландия барои бо суръати аз меъёр зиёд рондани мошин ҷаримаи аз ҳама гарон муқаррар шудааст, ки 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар ин кишвар, ҳадди ақалли ҷарима 1500 евро буда, барои гузаштани чароғаки сурх 90 евро, истифодаи машруботи спиртӣ 4500 евро ва маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 3 сол муқаррар шудааст. Ронандаҳо уҳдадоранд, ки барои набастани тасмаи бехатарӣ бошад, 140 евро ҷарима супоранд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЧУКРӢ. ОЁ МЕДОНЕД?
Ревоҷ гиёҳи кӯҳии хӯрданбоб буда, байни мардуми тоҷик бо номи чукрӣ машҳур аст ва барои табобати бемориҳои гуногун аз он истифода мешавад. Тавре дар «Энсиклопедияи тиббӣ» зикр шудааст, дар таркиби ревоҷ витамини С, қанд, кислотаҳои органикӣ (асосан ҷавҳари лимӯю себ, оксалат), намакҳои К, Са, Р, Мg, мавҷуданд.
Дар Тибет ревоҷро давои иллати меъдаву рӯда ҳисобида, аз он мураббо, шарбат ва кисел тайёр мекунанд. Абуалӣ ибни Сино чукриро барои муолиҷаи диққи нафас, заъфи ҷигар, дарди меъда, хала, исҳоли хунин, иллати гурдаву пешобдон ва ғайра ба кор мебурд.
Истеъмоли ин гиёҳ табларзаро шифо мебахшад, ташнагиро мешиканад, иштиҳоро мекушояд, кори ҷигар ва меъдаро тақвият мебахшад. Агар онро бардавом бихӯранд ба баромадани пучак дар бадан монеъ мешавад. Дар тибби муосир хока (0,1-0,3 г), шарбат ва қиёми спиртии решаи ревоҷ чун омили исҳоловар ва тақвиятбахши кори рӯда истифода мешавад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ПАНДҲОИ
ШОҲОНИ СПАРТА
Ба посух бигуфташ, ки: - Бо ин сухан,
Ҳама гуфта пайдост бе тобу фан.
Ба ҳайрат бимонд аз далерии ӯ,
Ба руҳи фарогиру шерии ӯ.
Кушоид дасти сахо низ шоҳ,
Барояш гузорид тоҷу кулоҳ.
Ва он қадр додаш замини кушод,
Ки аз хоки пешин басе буд зиёд…
* * *
Бигуфтанд ӯро: - Яке зиштхӯ,
Ба номи ту резад басе бад фурӯ.
Ба посух Сикандар чунин зад сухан:
- Ба шоҳон ҳамин қисмат аст аз кӯҳан,
Ки шоҳон накӯӣ ба пеш оваранд.
Гапи бад шунидан ба худ мебаранд…
* * *
Сухангӯи забардасте чунин гуфт,
Пас аз марги Сикандар сӯи мардум:
- Македонро чунон ҳам бесариҳост,
Ки, инак, пову сар ҳоло бувад гум.
Парешон раммае бин, монда ҳайрон,
Ки чашми сиркаашро бурда ковон..
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутарх,
мутафаккири Юнони Қадим, ба назм кашида шуд.
Зиё АБДУЛЛО
МЕҲМОНХОНАЕ, КИ ДАР 36 СОЛ СОХТА ШУД
Рассоми уругвайӣ Карлос Паес Виларо 36 солро барои сохтани бинои монанд ба қалъаҳову ҳайкалчаҳо дар соҳили баҳр сарф кардааст. Имрӯз он меҳмонхонаи боҳашамат ва яке аз ҷозибаҳои Уругвай мебошад.
Меҳмонхона дар болои сангҳо ҷойгир ва ғайриодитарин дар ҷаҳон аст. Дар он девори рост вуҷуд надорад. Виларо деворҳои биноро бо семент андова карда, ба онҳо дастӣ шаклҳои аҷоиб дод. Ранги сафед дар пасманзари осмону баҳр равшан намоён шуда, ба ҳам печидани манораҳо, долонҳо, тунелҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ биноро ба лабиринти афсонавӣ табдил медиҳад.
Дар сохтмони бино танҳо худи Паес Виларо ва баъзан моҳигирони маҳаллӣ иштирок карданд. Маҷмааи меҳмонхона аз 13 пешайвон иборат аст, ки дар болои якдигар ҷойгиранд. Ошёнаи поёнии он бевосита ба соҳили баҳр кушода мешавад. Ҳуҷраҳоро тибқи маъмул на аз рӯи рақамҳо, балки аз рӯи рамзҳое, ки Виларо худаш кашидааст, фарқ мекунанд.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
БА МИСЛИ ДАРЁ БОШ!
Кафши кӯдакеро дарё бурд. Кӯдак рӯи соҳил навишт:
Дарёи дузд…
Он тарафтар марде, ки сайди хубе дошт, рӯи соҳил навишт:
Дарёи саховатманд…
Модаре, ки писараш дар ин дарё ғарқ шуда буд, навишт:
Дарёи қотил…
Пирмарде, ки марвориде сайд карда буд, навишт:
Дарёи бахшанда…
Нохост мавҷи об калон омад ва ҳамаи навиштаҳоро шуст ва мисле, ки дарё ором мегуфт:
«Ба қазовати дигарон эътино макун, агар мехоҳӣ дарё бошӣ, барои он чи гузашт, он чи шикаст, он чи нашуд, ҳасрат нахӯр. Зиндагӣ, агар осон мебуд, бо гиря оғоз намешуд».
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
БОВАР НОКАРДАНИСТ АММО...
МАРЛОН
Яке аз бузургтарин ҳунармандони синамои Амрико Марлон Брандоро аксарият мешиносанд. Ҳатто шояд тамоми мухлисони «Крёстный отец» медонанд, ки ин шахсияти таърихсоз дар баробари даҳҳо мукофоти соҳавӣ доштанаш, ҳамчунин барандаи ду ҷоизаи «Оскар» ва ду «Глобуси тиллоӣ» аст. Вале шояд кам касоне огоҳ бошанд, ки Марлон на ҳама вақт ба майдони наворбардорӣ омода шуда меомад. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ӯ чанд маротиба пайи ҳам матни суханҳои қаҳрамонашро аз хотир бароварда тамоми ҳайати синамосозонро асабӣ кардааст. Дар чунин як ҳолат ӯ 18 дақиқа ба ҷои матни сенария суханҳои худашро гуфтааст. Аҷибаш ин аст, ки коргардон ва муаллифи сенария баъди тамошои такрории навор аз ҳамин суханронӣ ду дақиқаи онро дар шакли асл дар филм истифода бурдаанд. Ақидаи мунаққидон аст, ки маҳз суханҳое, ки Марлон аз пеши худ гуфтааст, филмҳоро муассиртар кардаву тамошобинро ба ваҷд меовардаанд.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ХАЙРХОҲЕ, КИ СИРРИ ЭҲСОНКОРИАШРО БА ХОК БУРД
Оҳангсози маъруф Ҷорҷ Майкл ҳамаи даромадаш аз оҳанги «Jesus to a Child»-ро хайр кардааст ва дар ин бора ба ҳеҷ кас ҳарфе нагуфтааст. Ӯ ба таври пинҳонӣ миллионҳо долларро ба ятимон, бехонаҳо, беморон ва эҳтиёҷмандон бахшидааст. Бо вуҷуди ин, ду мавриди эҳсонкорияш: 15 000 фунт стерлинг додан ба як зани ниёзманд ва бо 25 000 фунт стерлинг пӯшондани қарзи шахси дармондае забонзад шудааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
САВОЛИ СЕЮМ
Ҷабрдидае аз адвокат мепурсад:
- Барои хизмат чанд пул мегиред?
- 1000 доллар бар ивази се савол.
- То ҳамин дараҷа қимат?
- Бале, чандон арзон нест. Ба саволи сеюм гузаред.
Аз русӣ тарҷимаи
Ҳ. РАҲМОНЗОДА
ЯК ТАЗОДИ ЗИНДАГӢ
Зану шавҳаре тасмим гирифтанд, ки чанд муддат дари хонаашонро ба рӯи касе боз намекунанд. Рӯзе садои занги дарвоза баланд шуд ва диданд, ки волидони шавҳар дар паси дар ҳастанд. Мисле, ки ба аҳди худ пойбанд буданд, дарро боз накарданд ва падару модари мард ба ошуфтагӣ баргашта рафтанд. Баъд аз чанд вақт ин саҳна такрор ёфт, вале ин дафъа волидони зан пушти дар буданд. Бонуи хона, бо тадбире ҳамсарашро водор кард, ки дарро ба рӯи меҳмонон кушояд...
Бо мурури замон, ин оила соҳиби 4 писар гардид ва мунтаҳо соҳиби як духтарча ҳам шуданд, ки мард аз таваллуди фарзанди хурдиаш хушҳолу сарфароз буд. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки чаро чунин ҳолати хушнудии зиёд ҳангоми ба дунё омадани писаронаш иттифоқ наафтода буд? Гуфт: «Акнун оне ба дунё омад, ки дари хонаашро ба рӯи ман мекушояд!».
Таҳияи Наргис АТОЕВА
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
МУҶАССАМАИ ГЕРКУЛЕС
Муҷассамаи биринҷии Геркулес, яке аз бозёфтҳои ҷолибтарин дар колексияи осорхонаи бостоншиносӣ дар шаҳри Аланияи Туркия мебошад. Дар фарҳанги Ғарб Геркулес бузургтарин қаҳрамони мифологӣ, таҷассуми қувваи ҷисмонӣ ва худдорӣ, рамзи бартарии сиёсӣ, ғалабаи тамаддун ба ваҳшӣ гардида буд. Юнониён Геркулесро ҳамчун Худо ва қаҳрамон эҳтиром мекарданд. Пайвандони ӯ шоҳони Спарта, Македония, Мисри эллинистӣ ва оилаҳои аристократии ҷаҳони қадим ҳисоб мешуданд. Баландии он 52 сантиметр буда, дар асри 2 мелодӣ сохта шудааст.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
«ЧАНГИ» - ЗЕБОТАРИН ФУРУДГОҲ ДАР ҶАҲОН
«Чанги» зеботарин фурудгоҳ дар ҷаҳон мебошад. Он дар Сингапур ҷойгир буда, барои сохтмонаш ҳудуди 2 миллиард доллар сарф шудааст. Масоҳати он 1300 гектарро дар бар мегирад. Бино аз 10-ошёна иборат буда, 5 ошёнаи он дар зери замин ҷойгир аст. Дар дохили яке аз терминалҳо метавон ба ҷангали тропикӣ бо баландтарин шаршараи сунъӣ рӯ ба рӯ шуд. Шаршараро айвонҳо бо пайроҳаҳо иҳота мекунанд, ки дар онҳо 200 намуди рустанӣ шинонда шудааст. Байни терминалҳо дар баландии ошёнаи сеюм қатораи баландсуръат ҳаракат мекунад.
Дар дохили фурудгоҳ, ҳатто боғҳое, чун гули ханҷарӣ, сеҳрангез ва боғи офтобпараст мавҷуданд, ки диққати бинандагонро ба худ мекашанд. То имрӯз ин фурудгоҳ зиёда аз 500 ҷоизаи гуногунро соҳиб шудааст, ки дар миёни дигар фурудгоҳҳо беқиёс аст.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МАСЛИҲАТ
Марди қассоб ба хонаи Сидиров, ки адвокат буд, маслиҳатпурсӣ меояд:
- Ҳамсоя дина бегоҳ саге ба дукон даромада, як бурида гӯшти калонро бурдааст. Зарари расидаро чӣ хел барқарор кунам?
- Кори мушкил не, шумо аз они кӣ будани ҷонварро донед кифоя.
- Медонам ҳамсоя.
- Саги кӣ будааст?
- Аз они шумо да рафиқ адвокат.
- Наход? Ин бадбахт чӣ қадар зиён овардааст?
- 80 сомонӣ.
- Гӯш кунед ҳамсоя, маслиҳати ман 200 сомонӣ меистад. Нисфашро пешпардохт намоед, ман худам адолатро барқарор мекунам.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
СЕ ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ КИТОБ
1. Аз рӯи бозёфтҳои археологӣ, аввалин китобҳо, ки зиёда аз ду ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадаанд, аз чӯб ва мум сохта мешуданд.
2. «Кодекси Лестер»-и Леонардо да Винчи яке аз китобҳои гаронарзиш дар ҷаҳон аст. Онро Билл Гейтс дар музоядае ба маблағи 24 миллион доллари ИМА харид. Аҷиб он аст, ки китобро бояд дар оина нигоҳ кард ва аз рӯи тасвираш хонд.
3. «Афсонаҳои ҳазору як шаб»-ро бисёриҳо хондаанд, вале кам одамон медонанд, ки дар нусхаи аслии он Аловуддин на араб, балки чинӣ будааст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
БАЯН
Баян (аз номи ҳофизи қадими рус Баян ё Боян) сози мусиқии бодии клавишдор барои оҳангҳои басӣ-аккордӣ мебошад. Шакли ибтидоии баян нахуст соли 1903 пайдо шуд. Баъдан, соли 1907 аз тарафи устои созҳои мусиқӣ П. Е. Стрелингов бо дархости машшоқ Я. Ф. Оланский-Титаренко баяни 4 қатора сохта шуд.
Баян аз ду қуттии бо дам ба якдигар пайвастшуда иборат буда, ҳар кадоми онҳо дорои регистри овозии тугмачадоранд. Он сози мусиқии маъмулу машҳуртарини мардуми рус буда, на танҳо чун сози мусиқии якканавозист, балки дар консерт ва оркестрҳо низ истифода мешавад. Ин асбоб дар Тоҷикистон низ маъмул буда, тахминан солҳои 40-50-уми саддаи ХХ дар сартосари ҷумҳурӣ паҳн гардидааст. Баян дар мактабу коллеҷҳои мусиқӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода омӯзонда мешавад.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
ХАТАРНОКТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ҒОРИ КРИСТАЛЛҲО, МЕКСИКА
Ғори кристаллҳо (испанӣ: Cueva de los Cristales) ба кони маъдани зеризаминии Найка (Naica), ки 300 метр поёнтар аз шаҳри Найка, дар иёлоти Чиуауаи Мексика ҷойгир аст, пайваст аст. Дар ғор кони кристаллҳои калонтарини ҷаҳон мавҷуд аст, ки аз селенит (як навъи гаҷ) ба вуҷуд омада, даҳҳо тонна вазн доранд. Бузургтарин кристалли ин макон 11 метр дарозӣ ва 4 метр паҳноӣ дошта, 55 тонна вазн дорад.
Ҳарорат дар ғор +58 дараҷа буда, намнокии он 100 дарсадро ташкил медиҳад. Барои тамошо кардани ғор аз таҷҳизоти махсуси хунуккунӣ истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин, аз 20 дақиқа зиёд мондан дар ин ҷо хавф дорад. Аҷиб ин, ки сайёҳон чанд сол дар навбат меистанд, то барои дидани ғор иҷозат ба даст оранд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
АЗ НАВ БА ЮНОН
Масъалаи вақт ва макони аввалин бозиҳои олимпии муосир дар конгресси Париж соли 1984 ҳал шуд: Афина - пойтахти Юнон, ватани бозиҳои олимпӣ.
Бозиҳо 6-уми апрели соли 1896 оғоз гардид. Дар он 241 варзишгар аз 14 давлат иштирок карданд. Барномаи аввалин бозиҳои олимпии муосир аз 9 намуди варзиш иборат буд: варзиши сабук, гимнастика, шиноварӣ, вазнбардорӣ, гӯштӣ, тирандозӣ, шамшербозӣ, велосипедронӣ ва теннис.
Варзишгари ИМА Ҷеймс Коннолӣ - ғолиби ҷаҳиши секарата - аввалин чемпиони бозиҳои олимпии муосир шинохта шуд.
Дар бозиҳои олимпӣ аз 14 дастаи иштирокчӣ 10 даста соҳиби медал шуданд. Медалҳои ҷои аввал нуқрагӣ, ҷои дуюм мисӣ буданд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
МОДАРОНРО ҚАДР КУНЕМ!
Муаллим вақти дарс ба хонандагон дар бораи киштии ба фалокат дучоршуда нақл кард:
– Дар киштӣ зану шавҳаре буданд. Онҳо ба сӯи киштии наҷотбахш шино карданд. Дар он танҳо барои як нафар ҷой буд. Нобаҳангом шавҳар занашро ба об тела дод.
Хонандагон нақли муаллимро бодиққат гӯш мекарданд.
Муаллим суханашро идома дода, гуфт: – Ҳамин дам зан ба шавҳараш бо овози баланд чизе гуфт. Савол: зан чӣ гуфт? Кӣ мегӯяд?
Аксар хонандагон “Ман аз ту нафрат мекунам” ё “Чашмам кӯр будааст”, – гуфта, ҷавоб доданд. Ҳамин вақт чашми муаллим ба хонандае афтод, ки ором менишаст.
– Ту чӣ фикр мекунӣ? – пурсид аз ӯ. – Зан ба шавҳараш чӣ гуфт?
– Фарзандонамонро эҳтиёт кунед! – гуфт хонанда.
– Ту ин ҳикояро медонистӣ? – бо тааҷҷуб пурсид муаллим.
– Не, модари ман ҳам пеш аз маргаш ба падарам чунин гуфта буд, – ҷавоб дод хонанда.
Ашк дар чашми муаллим ҳалқа зад.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ВАТНАЙЁКУЛЛ
Ватнайёкулл – калонтарин пирях дар ҷазираи Исландия мебошад. Он дар қисми ҷанубу шарқии ҷазира дар канори Боғи миллии Скафтафел ҷойгир буда, 8 фоизи ҳудуди он ё 8133 км2-ро ишғол менамояд. Ватнайёкулл аз рӯйи ҳаҷм дар Аврупо калонтарин аст ва аз ҷиҳати ҳудуд ҷойи сеюмро мегирад. Ғафсии миёнаи яхи пиряхи мазкур 420 метр мебошад. Дар зери пирях, мисли пиряхҳои зиёди Исландия, якчанд вулқонҳо мавҷуданд, аз ҷумла Тордархидна, Гримсвотн, Бардарбунга ва Эраивайокул. Ватнайёкулл тайи чанд соли охир тадриҷан коҳиш меёбад, эҳтимол аз сабаби тағйирёбии иқлим ва фаъолияти вулқонҳои ахир.
Аз русӣ тарҷимаи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК