22-юми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим – пойтахти Ҷумҳурии Италия, шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Фюмичино ба номи Леонардо да Винчи меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Италия ва Ватикан истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом, роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.