Се сол қабл таҳти унвони «Торҳои гусаста ё ҳадиси талхи "Армуғон"-и созсоз» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (02. 04. 2021, № 66) матлаби банда, оид ба вазъи душвори Корхонаи илмию истеҳсолии созтарошии Вазорати фарҳанг, ба нашр расида буд. Ҳамон вақт роҳбари коргоҳ Дона Зиёеви 73-сола гуфт, ки агар Вазорат дасти мадад дароз накунад, яқин ки он аз фаъолият бозмемонад.
Аз байн се сол гузашт. Ба дили пур, ки дар ин муддат бо мусоидати Вазорати фарҳанг ҳолати муташанниҷи корхонаи созсозии пойтахт, ки дар замони Иттиҳоди Шуравӣ бо номи «Армуғон» машҳур буд, рафъ шуду он дубора фаъолияти пурсамар дорад, боз ба ин боргоҳи ҳунар қадам ранҷа намудем.
«МО ҲАМАГӢ ДУ НАФАР МОНДАЕМ»
Лаҳзаи дарро кӯфтанам ҷавобе нашуд. Таваккал дарвозаро кушодам. Баробари дидани саҳни корхона, тарбуз аз бағалам афтид. Биное, ки се сол қабл ба 60-70 дарсад таъмир ниёз дошт, имрӯз ҳама валангор шуда. Садои дастгоҳеро намешунавӣ. Хомӯшии мағшуш. Аз ин манзара табъам хира шуду хостам баргардам. Овози марде маро баргардонд. Муҳаммадсаид Зиёв, роҳбари корхона будааст. Дафъаи гузашта падараш хеле дарди дил карда буд, ҳоло бошад, писараш. Чуноне ӯ бо таассуф гуфт, дар ин коргоҳи овозадори солҳои 80-ум ҳамагӣ ду нафар мондаанд: худаш ва Ҳотам Шоймуродов,
Бори дигар маълумам гашт, ки корхона танҳо ба ном монда. Чаро Муҳаммадсаид тарки он накарда, асо ба рӯшноӣ назадааст? Чаро вазъияти коргоҳ ба ҷои беҳбуд ёфтан, табоҳтар гардид? Вазорати фарҳанг дар ҷавобе, ки баъди чопи мақола ба «Ҷумҳурият» ирсол кард, навишта буд, ки ҳатман онро дастгирӣ менамояд. Куҷо шуд ёрии ваъдагӣ? Ҳоло ҳар чи Муҳаммадсаид Зиёев дар ин боб гуфт, бе каму кост пешкашатон мегардонем.
АЗОБИ ВИҶДОН ВА МЕРОСИ ПАДАР
«Дар кишварамон шояд ягон корхона мисли муассисаи мо валангору бесоҳиб набошад. Бо вуҷуди вазъияти ниҳоят вазнин ва мушкилоти беҳисоб, ман аз ин даргоҳ дил канда наметавонам, – мегӯяд Муҳаммадсаид Зиёев. – Зеро дар ин ҷо ба воя расидаам. Ҳамроҳи падарам – усто Дона Зиёев, бисёр рӯзҳои некро паси сар кардам, чун усто камол ёфтам. Хуб ёд дорам, ки замони бачагӣ ин ҷо бисёр меомадам. Бисту як устои чирадаст паҳлуи ҳам нишаста, асбобҳои гуногун месохтанд. Он замон тамоми намуди асбобҳои мусиқӣ дар ин коргоҳ сохта мешуд. Бо дастгирии Вазорати фарҳанг мактабҳои мусиқӣ ва қасрҳои фарҳанги шаҳру навоҳӣ созҳоро мехариданд. Вале, мутаассифона, сол ба сол, бо сабабҳои гуногун, корхона аз назарҳо дур монда, эътиборашро гум кард. Бархе коргарон ба нафақа баромаданду гурӯҳи дигар онро тарк намуданд. Бесарусомонӣ то дараҷае расид, ки аз моҳи августи соли 2020 то моҳи апрели соли 2021 корхона бе роҳбар монд. Вале азоби виҷдон ва мероси аҷдодӣ падарамро ором нагузошту маро ба хотири ҳифзи ёдгориҳои миллӣ ба ин даргоҳ овард.
Аз ҳоли имрӯзаи корхона чизе намегӯям, чунки ба чи ҳоли зор афтодани онро худатон дидед. Ҳанӯз ҳам барои пешгирии чакидан як қисмати боми биноро бо шиферпораҳои партов таъмир мекунем, қисмати дигарашро барои аз барфу борон эмин нигоҳ доштани чӯбу пӯсту асбобҳои нимтайёр бо клеёнка мепӯшонем.
Ҳарчанд созҳои мусиқии мо бо заҳмати зиёду сифати баланд омода шаванд ҳам, харидорони хешро гум кардаанд. Масъулони қасрҳои фарҳанги шаҳру навоҳӣ бо мо ҳамкорӣ намекунанд. Танҳо соли гузашта Вазорати фарҳанг ду ҷуфт асбобҳои мусиқиро, ки ҳар кадоми он аз даҳ намуди асбоб иборат аст, гирифту халос (воқеан, маблағи онро то ҳол пардохт накардаанд). Ду соли охир, ҳатто, имкони харидани чӯбро надорем. Аз захираҳои солҳои 2019 созҳои фармоишӣ месозем. Дар мавридҳои дигар аз дарахтони хушкшудаи ҳавлии корхона истифода мебарем.
Чун мо корхонаи худкифо ҳастем, имрӯз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта истодаем ва маҳсулоти моро ягон муассисаи фарҳангӣ намехарад. Ҳатто, як коргарро маош дода наметавонем. Аз ин рӯ, вазъиятамонро худ қазоват кунед. Барои кумаки молиявӣ ба Вазорат ва ҷиҳати сабуктар кардани андоз ба Кумитаи андоз муроҷиат кардем, суде набахшид. Борҳо ба Вазорати фарҳанг муроҷиат кардам, ки барои таъмири лоақал як устохона мусоидат кунад, вале мутаассифона… Ростӣ, гарчанде корхона торафт валангор шуда истода бошад ҳам, ҳанӯз умед ба фардои он дорам. Ҳарчанд то ба ҳол шартномаи харидуфурӯши созҳои мусиқӣ бо Вазорат ба имзо нарасида бошад ҳам, созҳои мусиқиро дар ду шакл ва бо сифати баланд омода намуда истодаем. Падарам мунтазам таъкид медоранд, ки ҳифзи ҳунарҳои қадимӣ ва ба наслҳои оянда омӯхтани он қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди Ватан аст. Комёбиҳо ҳам кам набуданд. Аз ҷумла, созҳои сохтаамон дар шаш Намоишгоҳи байналмилалӣ Тоҷикистони азизро муаррифӣ карданд. Лекин ин ҳама дар гузашта …».
ВАЗОРАТ ВАЪДА ДОДА БУД, КИ…
Ин ҳама гуфтаҳо дар ҳолест, ки се сол қабл, пас аз нашри мақолаи «Торҳои гусаста ё ҳадиси талхи «Армуғон»-и созсоз», Вазорати фарҳанг ба «Ҷумҳурият» мактуби ҷавобӣ ирсол намуд: «Корхонаи воҳиди давлатии илмӣ-истеҳсолии «Созтарош» то соли 1995 як қисми Иттиҳодияи «Армуғон» буда, баъдан, ба сохтори Вазорати фарҳанги кишвар ҳамчун Корхонаи воҳиди давлатии алоҳида ворид шуд. Корхона ба истеҳсоли асбобҳои мусиқии миллӣ машғул буда, Вазорат ба воситаи он муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ, аз ҷумла мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳои санъат, дастаҳои хунарӣ, қасрҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ва деҳотро бо асбобҳои мусиқии миллӣ таъмин менамояд.
Корхонаи воҳиди давлатии илмӣ-истеҳсолии «Созтарош» муассисаи ба ҳисоби хоҷагӣ гузашта мебошад ва фаъолияти иқтисодӣ, молиявию хоҷагиашро бояд аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ амалӣ намояд. Корхона ҳамасола миқдори истеҳсоли асбобҳои мусиқиро зиёд намуда, айни замон ба сифати онҳо аҳамияти зарурӣ надодааст.
Бояд зикр намоем, ки бинои корхонаи «Созтарош» солҳои 60-уми асри гузашта сохта шудааст ва ба таъмири куллӣ ниёз дорад. Аксарияти дастгоҳу таҷҳизоти мавҷударо иваз бояд кард. Вазорат якчанд лоиҳаҳои инвеститсиониву грантӣ барои таъмири асосӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти замонавӣ пешниҳод намуд, вале масъала то ҳол ҳалли худро наёфта истодааст.
Дар давоми солҳои дурудароз дар бинои корхона ягон маротиба корҳои таъмирӣ гузаронда нашудаанд. Даромади корхона танҳо барои пардохти андозҳои муқарраргардида, музди меҳнати кормандон, хизматрасонии коммуналӣ (барқ, обу корез ва ғайра), инчунин, дастрас намудани маводу лавозимоти зарурӣ харҷ мешавад.
Бинобар ин, Вазорат чораҳои зарурӣ андешида истодааст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон – сармоягузорони ватанӣ, корхонаи «Созтарош»-ро таъмиру таҷдид ва бо дастгоҳҳои замонавӣ таъмин намуда, фаъолияти онро пурзӯр намояд».
Тавре бармеояд, тули се соле, ки сипарӣ гашт, аз Вазорат ба коргоҳ ягон ёрие нарасидааст. Лоиҳаҳои инвеститсиониву грантияш низ ҳамоно дар рӯйи коғаз мондаанд. «Созтарош», тавре дар Вазорат низ таъкид доранд, коргоҳи асосии таъминкунандаи муассисаҳои фарҳангии кишвар бо созҳои миллии мусиқист. Агар ин корхонаро Вазорат сарфи назар карда, бо он шартнома набандад, созҳои мусиқиро аз куҷо дастрас мекунад? Аз хориҷа?
Хуллас, вазъи «Созтарош» ниҳоят ташвишовар буда, он ба ваъдаҳои бебаркаш не, ба ёрии амалӣ ниёз дорад. Оё Вазорати фарҳанг дар ниҳоят рӯ ба ин коргоҳи худ меоварда бошад?
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»