Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ироа гардида буд, бо кормандони сохторҳои марбутаи ноҳияи Шоҳмансур, фаъолон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ҳудуди ин ноҳия вохӯрӣ доир намуд.
Зикр гардид, ки маҳз бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва риояи ҳамаҷонибаи талаботи қонунгузории кишвар, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст. Вобаста ба ин, аз ҳар як нафар сокини кишвар тақозо карда мешавад, ки дар баробари риояи қонунҳои амалкунанда, ҳамзамон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин иқдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат саҳми боарзиши худро гузоранд.
Дар қисмати дигари мулоқот масъалаҳои риояи одоби шаҳрдорӣ, саҳм гузоштан дар иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф баррасӣ шуданд.
Масъулон изҳор доштанд, ки тақвияти вазъи корҳои маърифатӣ, сиёсиву идеологӣ дар ҷомеа яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини сулҳу суботи мамлакат ва рушди давлатдории миллӣ ниҳоят бузург аст. Инчунин, масъулон доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди корҳои маърифатӣ ва сиёсию идеологӣ дар ҷомеа ибрози назар карда, афзуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ корҳои маърифатӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бо назардошти авзои минтақа ва ҷаҳон тақвият меёбанд.
Иштирокдорони мулоқот доир ба нақш ва ҷойгоҳи корҳои маърифатӣ (сиёсиву идеологӣ) дар низоми муосири давлатдорӣ миёни ҷавонон, аҳамияти корҳои маърифатӣ дар муҳити атроф ва фазои динии кишвар, инчунин, нақши ВАО-и электронӣ, чопӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар низоми корҳои маърифатӣ сухан карданд. Зикр шуд, ки дар ҳар давру замон ҷомеа бо тақвияти корҳои маърифатӣ ва сиёсию идеологӣ рушд ва ташаккул меёбад.
Ба ҳамин мазмун дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо иштироки раиси ноҳия Тоҷиддин Саидзода, роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ Шодӣ Ҳафиззода, сардори раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ Бахтиёр Назарзода ва сардори раёсати огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонону ноболиғони Вазорат Мансур Бухоризода ҷамъомад оид ба масъалаҳои пешгирии пайдошавии ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, омезиши фарҳангӣ бегона, гирифтани маълумоти динии ғайриқонунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо гузаронда шуд.
Дар он масъалаҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, таблиғи фарҳанги бегона ва татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат мавриди таҳлил ва омӯзишу тавзеҳ қарор гирифтанд.
Л. ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»