Дар дидори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо президенти Бонки сармоягузории Аврупо хонум Надя Калвино вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо бо Бонки сармоягузории Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Роҳбари ҳайат – муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода хонум Надя Калвиноро бо таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъул табрик гуфта, дар симои ӯ барои ҳамкориҳои самарабахши дуҷониба дар сармоягузории лоиҳаҳои миллӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла CASA-1000, ки бузургтарин лоиҳаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад, ба Бонки сармоягузории Аврупо миннатдории хешро баён намуд.
Дар идома, ҳозирин оид ба захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорӣ ба ин бахш, иштироки Бонки сармоягузории Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим, аз ҷумла иншооти стратегии Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии “Роғун” ибрози назар намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои мутобиқ кардани меъёрҳои сохтмон ба стандартҳои байналмилалӣ корҳои назаррас анҷом дода шуда, Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт кор бо шарикони рушдро ҷиҳати таъмини маблағгузории зарурӣ барои анҷом додани ин лоиҳа идома дода истодааст. Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз Бонки сармоягузории Аврупо даъват карда шуд, ки татбиқи ин лоиҳаи бузург низ дар қатори шарикони рушди Тоҷикистон бошад.
Дар мулоқоти мазкур, Ҳоким Холиқзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ Пайрав Амирзода ҳамроҳӣ намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»