Кормандони Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон соли 2022-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст карда, дар бобати ба муштариён расондани рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр ва муросилоти молӣ фаъолияташонро беш аз пеш тақвият медиҳанд.
– Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон, – мегӯяд роҳбари ниҳод Сайдалӣ Мирзоев, – 25 маркази алоқаи почтаи шаҳру ноҳияҳо ва 148 шуъбаи алоқаи почтаи маҳаллиро муттаҳид мекунад. Рисолати мо – хаткашонҳо ба мардум расондани маводи васоити ахбор оид ба сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат, дигаргуниву тағйироти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Бешак, кори мо душвор аст, зеро вақту соати муайян надорад, шаб ё посе аз шаб ба роҳ мебароем, пешгӯинашаванда аст, аммо пурифтихор аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш “Чеҳраҳои мондагор” чунин овардаанд: “Бо фармони Дориюши бузург ду ҳазору панҷсад сол пеш аз ин нахустин бор дар ҷаҳон почта бо номи “чопор” бо назму фосилаҳои ҳисобшуда эҷод гашт, ки шиораш чунин буд: “На гармо, на сармо, на боду борон чопорро аз рафтан боз намедорад”. Имрӯз кормандони Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” ана ҳамин гуфтаҳоро шиори худ дониста, дар сардтарин рӯзҳои зимистон ба аҳли ҷомеа хизмат расонда истодаанд.
Алҳол “Почтаи тоҷик” бо 193 давлати дунё ҳамкорӣ менамояд. Сохтори вилояти Хатлони он ҳафтае панҷ маротиба бо нақлиёти худ аз шаҳри Душанбе маҷаллаю рӯзномаҳо, муросилоти молӣ ва мактубҳоро ба маркази вилоят – шаҳри Бохтар кашонда, сипас, ба шаҳру ноҳияҳо ирсол менамояд.
Самти дигари фаъолияти кормандони “Почтаи тоҷик” қабул ва фиристодани мактубҳо, ирсолпулиҳо, равонаку бастаҳои хурд, саҳм гузоштан дар маъракаи обуна ба матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва соҳавӣ мебошад. Обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо барои соли 2023 ба ҳолати 9-уми январи соли 2023 дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба миқдори 175755 шумора иҷро шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 2,6 дарсад зиёд аст.
Аз ҷумла, нақшаи обуна барои соли 2023 ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” 17 ҳазор нусха буда, иҷрои он 17 ҳазору 190 нусхаро дар бар мегирад (101%). Обуна ба рӯзномаҳои ҲХДТ: “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” низ, сад дарсад иҷро гашт.
Як нукта боиси зикр аст, ки дар бобати иҷрои нақшаи обунаи соли 2023 дастгирии раиси вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят хеле назаррас мебошад.
Дар тули 12 моҳи соли гузашта 10715807 адад рӯзнома ва маҷалла, мактубҳои хизматӣ, одию супоришӣ, равонаку бастаҳо, коғазхалтаҳои хурд ва ирсолпулиҳо ворид гардида, 394 тоннаю 619 килоро ташкил доданд, аз ҷумла 2316 килоаш, муросилоти почтаи байналхалқист ва ҳамаи онҳо ба муштариён дастрас шуданд.
Дар ин муддат аз ҳудуди вилоят 2155 кило муросилоти почтаи байналхалқӣ, ба мисли мактубҳои одию супоришӣ, равонакҳо, бастаҳои хурду калон қабул ва ирсол гаштанд.
Натиҷаи фаъолияти созанда аст, ки дар соли 2022 даромади тарифии корхона дар ҳаҷми 3649499 сомонӣ (100,89 дарсад) иҷро гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 497142 сомонӣ, яъне 15,77 дарсад зиёд мебошад. Нақшаи хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба 541088 сомонӣ расид, ки 100,69 дарсади дурнамои солона аст.
Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон бо дастгирии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хотири ба муштариён сари вақт дастрас кардани рӯзномаю маҷаллаҳои фурӯшашон озод дар ҷойҳои серодами маркази шаҳру навоҳӣ ҳафт дукони наву назаррабо ифтитоҳ кардааст.
Барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолият бинои почтаи вилоят ба таъмир фаро гирифта шуд. Бо дастгирии сардори Хадамот Бег Сабур ва роҳбарияти вилоят биноҳои маъмурии почтаи ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав ва Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир гардида, бо таҷҳизоти нави корӣ таъмин шуданд.
– Мо аз шароити хуби корӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, саъй дорем, ки вазифаҳои худро бо сифат ва сари вақт анҷом диҳем, – мегӯянд бо ифтихор кормандони почтаи вилоят Убайдулло Назарзода, Маҳмадалӣ Хидиров, Людмила Чеченкова, Сангимурод Расулов, Раъногул Раҳмонова, Нуқра Самиева, Бобоҷон Раҳмонов ва Даврон Ашуралиев.
Дар ин ниҳод нақшаҳо барои соли ҷорӣ низ, таҳия шудаанд ва бовар аст, пас аз татбиқашон сатҳу сифати хидматрасонӣ ба муштариён боз ҳам, беҳтар мегардад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир Ҳасан, “Ҷумҳурият”