ДАСТИ АДВОКАТИ ФИРЕБГАР БО 200 000 СОМОНӢ БА КАЛТАКИ ҚОНУН БАРХӮРД
Адвокати Коллегияи адвокатҳои “Кафолат” Р. Чалишов барои мусоидат намудан дар кам кардани муҳлати ҷазо аз ду зерҳимояи худ 20 0000 сомонӣ гирифта, ҳоло бо ҷурми қаллобӣ ба курсии айбдорӣ нишастааст.
Тавре маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ин бора хабар дод, номбурда зимни баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрвандон А.О.С. ва Р.Б.И. бо моддаҳои 130 (одамрабоӣ) ва 250 (тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноятӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳайси адвокат иштирок карда, аз наздикони судшавандагон барои мусоидат кардан ҷиҳати аз тарафи суд кам таъин кардани муҳлати ҷазо нисбат ба зерҳимоягонаш 20 0000 сомонӣ талаб намудааст. Ба навиштаи манбаъ, пайвандони судшавандагон аз ноилоҷӣ ба талаби ғайриқонунии Р. Чалишов розӣ шуда, моҳи июли соли 2023 ин миқдор маблағро ба ӯ медиҳанд, вале адвокат ба манфиати зерҳимояҳои худ хеҷ кор анҷом надода, онро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Р. Чалишов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.
МАРДИ МУШТЗӮР БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА ШУД
Як сокини шаҳри Ваҳдат, ки аз ӯ марди 31-сола ном бурда мешавад, бо гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршаванда 19-уми апрели соли ҷорӣ бо марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр муноқиша карда, бо истифода аз олоти бурранда ба ҷисми ӯ зарба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхона бистарӣ мебошад.
Хабар дода мешавад, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ БА ҒОРАТГАРӢ ГУМОНБАР МЕШАВАНД
Кормандони милитсия ду нафареро боздошт карданд, ки ба содир кардани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста мешаванд.
Сомонаи ВКД дар шарҳи ин хабар менависад, ки марди 28-сола ва ҷавони 20-сола, ки сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе мебошанд, шоми 19-уми апрели соли ҷорӣ дар кӯчаи А. Ҷомии пойтахт телефони мобилӣ ва 220 сомонии ҷавони 18-соларо ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамчунин, гумонбарон худи ҳамон шаб дигар сокини пойтахт (марди 30-сола)-ро мавриди лату кӯб қарор дода, тариқи зӯроварӣ телефони мобилӣ ва 500 сомониашро гирифтаанд, ки дар робита ба ин кирдор тафтишот оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”