Соли панҷум аст, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад. Мақсад аз он муаррифии фарҳанги волои миллат, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки даври аввали Озмун дар донишгоҳу донишкадаҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардида, дӯстдорони олами санъату мусиқиро ба ҳам овардааст.
– Воқеан, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бори дигар собит намуд, ки халқи тоҷик аз азал дӯстдори савту наво буда, дилбохтаи шеъру суруданд. Боиси зикр аст, ки ташкили чунин озмунҳо самараи истиқлоли давлатӣ буда, бори дигар мардумро водор бар он мекунад, ки ба қадри сулҳу амонӣ бирасанд. Гуфтан бамаврид аст, ки иштироки зиёда аз 40 нафар аз рӯи сину соли гуногун дар озмун ба қайд гирифта шуда, довталабонро аз дурдасттарин шаҳраку деҳот ба ҳам овард. Боиси хушнудист, ки бештари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Иштирокдорон ҳар яке аз рӯи номинатсияҳои гуногун ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Озмуни мазкур ба таври шаффоф сурат гирифта, таҳти назорати намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор гирифтааст. Умед аст, ки иштирокдорон дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд,– иброз намуд, Соҷида Ҳакимова, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Нуробод.
Озмун дар байни се гурӯҳ доир гардида, истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст. Ба Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди оҳангсозон-бастакорон ва рассомони ватанӣ, беҳтарин мусиқӣ ва мусаввараҳои классикии навъҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд. Озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гашта, ба он асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзуи зебоии табиати Тоҷикистон, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт, ободӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ишқу ҷавонӣ таълиф шудаанд.
Ҳамчунин, мувофиқи дастури Пешвои миллат соли 2024 барои иштирокчиёни Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки, тибқи он, довталабони даври ҷумҳуриявӣ (хонандагони синфҳои 9 ва 11) ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии кишвар бе супурдани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»