26-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар саҳни ҳавлии Сан-Дамасо ба хотири истиқболи сазовори меҳмони олимақом горди фахрӣ саф орост. Дар бинои Тахти Олишаън Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Попи Рим Франсиск самимона истиқбол гирифт. Дар вохӯрӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Попи Рим Франсиск масоили таҳкими ҳамкории судбахш баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст. Мардуми тоҷик, ки таърихан дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо рушди илму адаби ғании худ ҳиссаи намоён гузоштааст, аз ҳама гуна гуфтугӯҳои байнидинӣ ва байнитамаддунӣ истиқбол мекунад.
Зикр гардид, ки Тахти Олишаън ҳамчун субъекти низоми байналмилалӣ дар умури ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Саҳми доимии ӯ дар татбиқи принсипҳои сулҳу субот, таҳаммул ва ҳамоҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокирот Попи Рим бо ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.
Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Попи Рим табодули туҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт.
ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО КОТИБИ ДАВЛАТИИ ВАТИКАН
26-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин вохӯрданд.
Зимни суҳбат масоили таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби давлатии Ватикан барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.
Аз оғози марҳалаи нави инкишофи муносибатҳо байни Тоҷикистону Ватикан изҳори қаноатмандӣ шуд. Ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Масоили таъмини сулҳу субот, таҳаммул, ҳамоҳангӣ ва таҳкими муколамаи тамаддунҳо аз мавзуъҳои меҳварии суҳбат буд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро матраҳ карданд.
БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ ОСОРХОНАИ ВАТИКАН
26-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи Ватикан маҷмуи осорхонаҳост, ки аз ҷониби попҳо бунёд шуда, асарҳои бадеии ҳунармандони гузашта, аз ҷумла асарҳои давраи Ренессансро дар бар мегиранд. Таърихи таъсиси Осорхонаи Ватикан аз соли 1506 оғоз ёфта, соли 1771 кушода шудааст. Бунёдгузори Осорхона Поп Юлий II мебошад.
Тавре зикр гашт, дар як сол 1 миллиону 600 ҳазор нафар аз ин осорхонаҳо боздид намуда, бо таъриху фарҳанги давраҳои гуногуни Ватикан шинос мешаванд. Осорхонаи Ватикан аз 54 галерея ё толор иборат буда, калисои Систин охирини онҳост.
Баъди тамошои Осорхонаи Ватикан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.
АНҶОМИ САФАРИ РАСМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ ВА ВАТИКАН
26-уми апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 22-юм то 26-уми апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президент ва Сарвазири ин кишвар, Попи Рим ва намояндагони воломақоми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мулоқоту музокироти созанда анҷом доданд. Натиҷаҳои судбахши ин сафар имзои нуҳ санади муҳими ҳамкорӣ аз рӯи анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Италия, баргузории форуми тиҷоратии ду кишвар оид ба муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва имзои ҳуҷҷатҳо оид ба пешбурди фаъолияти соҳибкорони Италия дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Рим Фюмичино ба номи Леонардо да Винчи меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтироми баланд намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Италия ва Ватикан гусел карданд.
Шоми 26-уми апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Рим ба Ватан баргаштанд.