Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъсиси ҷойҳои нави кор, ҳамзамон, таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом мусоидат мекунад. Пахта ҳамчун маҳсулоти пурқимати стратегӣ ва содиротӣ ба иқтисодиёти кишвар даромади калон ворид менамояд. Аммо...
Таҳлилҳои солҳои охир собит намуданд, ки агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 825 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуда бошад, пас, ин нишондиҳанда соли гузашта ҳамагӣ 349 ҳазор тонна ва ҳосилнокии миёна дар 10 соли охир аз ҳар гектар 19,7 сентнерро ташкил додааст. Яъне, бо вуҷуди тадбирҳое, ки дар ин самт роҳандозӣ мешаванд ин соҳаи муҳим майли рушд надорад.
Чунонки аз суҳбат бо чанде аз роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор иттилоъ ёфтем, мутаассифона, соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои қабули пахта нархи он хеле паст карда шуд, ки хароҷоти масрафгардидаро напӯшонда, ба деҳқонон зарари калон ворид намуд. Ҳоҷагиҳои пахтакор аз самараи кори заҳматталаби худ дилсард гардиданд. Ҳамзамон, дурнамои кишти пахта иҷро нашуд ва ҳосилнокӣ низ паст гардид.
Сабабҳои асосии коҳиш ёфтани пахтакорӣ ин заҳматталаб будани парвариши он, гаронии нархи маводи истеҳсолӣ, аз қабили тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералию заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ, техникаи кишоварзӣ, ба талабот ҷавобгӯй набудани системаи обёрии заминҳои корам ва сари вақт таъмин нагардидан бо оби полизӣ, бо нархи дилхоҳ фурӯхта натавонистани маҳсулоти истеҳсолшуда ва набудани дастгирии молиявӣ арзёбӣ мегардад.
Саидҷамол Саидзода, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи АИКТ, сарходими илмии Институти зироаткории АИКТ, дар робита ба масъалаҳои ҳалталаби соҳа иброз дошт, ки бо мақсади он ки пахтакорӣ боз ҳам рушд намуда, кишоварзон ҳосили дилхоҳ ба даст оранд, пахтакорон бояд тамоми нозукиҳои соҳаро аз худ кунанд ва, дар навбати аввал, ба қоидаҳои агротехникаи парвариши пахта диққати ҷиддӣ диҳанд.
– Ба даст овардани ҳосили фаровон, пеш аз ҳама, аз истифодаи навъҳои хубу ҳаматарафа санҷидашудаи пахта, ки ба иқлими гуногуни минтақаҳои кишоварзӣ мувофиқанд, вобастагии калон дорад. Агар хоҷагидорон дар парвариши зироат аз тухмиҳои аълосифату навъҳои наву серҳосил, нуриҳои минералӣ ва риояи саривақтии қоидаҳои агротехникӣ самаранок истифода баранд, мисли даврони Иттиҳоди Шуравӣ аз як гектар замин то 40-сентнерӣ ва аз ин бештар ҳосил гирифта метавонанд. Ҳосилнокӣ дар даврони шуравӣ, аз ҷумла соли 1980, ба ҳисоби миёна аз як гектар 32,8 сентнерро ташкил медод. Тавре маълум, дар ҳудуди кишвари мо заминҳои обии кишоварзӣ каманд. Бо назардошти ин, моро зарур аст, то ки аз ҳолати экстенсивӣ ба интенсивӣ гузаштанро пурзӯр намоем. Яъне, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳосилнокиро баланд бардоштан вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад, – мегӯяд мусоҳиби мо.
Дастури Сарвари давлат ҷиҳати дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёд кардану ба кор андохтани маҷмааҳои коркарди ниҳоии нахи пахта дар 5 шаҳру ноҳия, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб, яке аз тадбирҳои муҳиму саривақтӣ дар рушди соҳа маҳсуб меёбад. Зеро ин тадбир дар баробари таъмини рушди саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамзамон, самтҳои мусбати зиёдро низ дар пай дорад.
Ба гуфтаи С. Саидзода, агар коркарди ниҳоии пахта дар кишвар бештар ба роҳ монда шавад, дар ин ҳолат арзиши 1 килограмм пахта то ба 14-16 маротиба зиёд гардида, дар натиҷа, ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд. Ҳамзамон, пахта дар ғанӣ гардондани буҷети давлат мусоидат мекунад. Чунки ҳам истеҳсолкунанда ва ҳам қабулкунандаи он низ аз ҳисоби коркарди ашёи хом ва фурӯши маҳсулоти аз он истеҳсолмешуда ба буҷети давлат маблағ месупоранд. Ҷиҳати ҳавасманд ва дилгарм намудани хоҷагиҳои пахтакор агар фурӯши як килограмм пахтаи хом дар мамлакат ҳадди ақал то 14-15 сомонӣ муайян карда шавад, ин иқдом низ ба пешрафт ва боло бурдани ҳосилнокӣ аз ҳар гектар пахта мусоидат намуда, таъсири мусбати худро мерасонад.
Сайфиддин Садриддинов, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ, доир ба манфиат ва аҳамиятнокии соҳа андешаҳои худро чунин баён дошт:
– Пахта маҳсулоти асосии агросаноатӣ ба шумор рафта, талабот ба он дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст. Пахтаро бо ягон навъи зироат иваз кардан мумкин нест. Аз пахта зиёда аз 150 намуди маҳсулот, аз ҷумла матоъҳои гуногун, равған, кунҷора, линт истеҳсол мекунанд. Дар маҷмуъ, маҳсулоти аз он истеҳсолмешуда беназир аст.
Вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он – хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо, талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд мегардад. Дар баробари ин, тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, аз ҷумла пахта, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва, бо ҳамин роҳ, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”