Имрӯзҳо дар роҳу пайроҳаҳо, боғҳои истироҳатӣ, нақлиётҳои ҷамъиятӣ, муассисаву коргоҳҳо, хуллас дар ҳама ҷой ашхоси сар ба рӯйи телефон, гаджету смартфонҳо фурӯрафтаро мебинӣ. Дунёи маҷозӣ тамоми ҳушу ёди инсонро ба худ гирифта, вақти гарони ӯро фурӯ мебарад. Масъалаи мазкур яке аз проблемаҳои иҷтимоии сатҳи ҷаҳонӣ гаштааст, зеро ҷомеа саргарми онҳо шуда, кору пайкор, вазифа ва уҳдадориву масъулиятро ба гӯшаи фаромӯшӣ гузоштааст. Пас, чӣ бояд кард?
Албатта, наметавон гуфт, ки бо пайдо шудани таҷҳизоти мобилӣ масъалаи тамаркузи аҳолӣ ба як нуқта шуруъ гашт, вале маҳз онҳо пайвандгари ин раванд ба ҳисоб мераванд. Бо ихтирои интернет (соли 1969) ва паҳн шудани он дар аксари кишварҳо олам (соли 1991), зиндагӣ ранги дигар гирифт. Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба таври ҳайратангез барқосо рушд ёфт. Қариб тамоми таҷҳизоти корӣ ва маишӣ ба интернет насб шуданд. Тадриҷан, коргоҳу идора, тарабхонаву қаҳвахонаҳо, китобхона ва, ҳатто, нақлиётҳои мусофирбар: автобусу троллейбусҳо бо wi-fi муҷаҳҳаз гаштанд, интернет, дар баробари таъмини ҷомеа ба воситаҳои гуногуни коркарди иттилоот, як қатор оқибатҳои манфиро низ ба бор овард, ки онро изофагирии иттилоот ном мебаранд.
Бо пайдо шудани интернет мавқеи радио, телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо нисбатан танг гашт, зеро тавассути интернет зуд ва қулай метавон мардумро бо хабару рӯйдодҳо огоҳ кард. Ин сабаб гашт, ки инсон пайи ҷустуҷӯ ва гирифтани иттилои зиёд ба умқи интернет ғӯта занад, вале, мутаассифона, ин ҳолат оқибатҳои ногуворро низ ба бор овард.
Сарбории иттилоотӣ ҳам қобилиятҳои эҳсосӣ, ҳам зеҳнии шахсро кунд мегардонад, ки дар натиҷа қобилияти қабули қарорҳои муҳимро тадриҷан аз байн мебарад.
Чуноне профессори кафедраи назария ва методикаи таълими касбии Донишгоҳи Самараи Федератсияи Россия Наталя Стрекалова мефармояд, пайваста сари компютер нишаста, аз интернет иттилоот гирифтан, боиси хастагӣ мегардад ва, ҳатто, инсон метавонад оҳиста- оҳиста хотираашро аз даст диҳад.
ВИДЕОҲОИ КӮТОҲ ТАФАККУРИ ИНСОНРО МЕКУШАНД!
Таъсири платформаҳои машҳури иҷтимоӣ, ба монанди TikTok, Reels ва Shorts ба тафаккур ва таваҷҷуҳи мо як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти муосир шудааст. Миллионҳо одамон танаффуси нисфирӯзӣ ё вақти хоби худро ба ҷойи хондани китоб, лаззат бурдан аз филму консертҳо ба тамошои видеоҳои кӯтоҳи зиёд сарф мекунанд. Ин вазъият, бешак, дар иҷрои кор, вазифа ва уҳдадориҳо душворӣ эҷод мекунад.
Чунин наворҳо на танҳо фикру хаёлро парешон мекунанд, балки одати “фароғати фаврӣ”-ро ба вуҷуд меоранд. Вақте ки инсон видеоҳои кӯтоҳмуддатро, ки, одатан, то 20 сония давом карда, хусусияти иттилотӣ доранд, дар ҳаҷми зиёд тамошо менамояд, майнаи сар ба истеҳсоли допамин шуруъ мекунад. Допамин моддаест, ки марбут ба ҳаловат ва қаноатмандӣ аст. Яъне, инсон чӣ қадаре ки аз видеоҳои лаҳзаина ва дигар навъи иттилооте, ки ба таври фаврӣ пешниҳод мешаванд, зиёд истифода барад, дар аввал ҳамон андоза эҳсоси ҳаловатгирияш меафзояду ба ин навъи иттилоот унс мегирад. Мутаассифона, баъдтар ирода ва хотирааш заиф мегардад. Ба иҷрои корҳои муҳим вақташ намерасад, танбал, фориғбол, ба зиндагӣ ва наздикон бепарво мешавад, чун бадан (майнаи сар) миқдори бештари ҳаловат (допамин)-ро талаб мекунад.
Одати соатҳо дар интернет пайваст будан, метавонад оқибатҳои манфӣ орад: агар ҳоло он танҳо муваққатан ба суст гаштани диққат оварда расонад, пас, дар оянда метавонад боиси мушкилиҳои ҷиддии эҳсосӣ ва равонӣ гардад.
ЧӢ БОЯД КАРД?
Равоншиносон тавсия медиҳанд, ки баҳри раҳоӣ аз ин одат бояд ба фаъолиятҳои муфид ва самаранок даст зад. Ба ҷойи тамошои беохири видеоҳои кӯтоҳ ва эҳтимолан зараровар, бояд вақти холии худро ба мутолааи китоб ва мақолаҳои ҷолиб, бозиҳои интеллектуалӣ, варзиш ё дигар машғулиятҳои рушди саломатии руҳӣ бахшид. Ин на танҳо ба пешрафти қобилиятҳои равонии шумо кумак мерасонад, балки фаъолияти майнаи сарро беҳтар месозад.
Ҳамин тавр, мо метавонем хулоса барорем, ки афзоиши сарбории иттилоотӣ ба саломатии истифодабарандагони интернет таъсири ҳангуфти манфӣ мерасонад.
Бинобар ин, донистани меъёри муайян ва риояи фосилаҳо, яъне тайм-менеҷменти истифодабарӣ аз интернет, ҳам ба кӯдакону наврасон ва ҳам ба ҷавонону калонсолон дониши актуалии замони муосир ба ҳисоб меравад. Барои ин мақсадро амалӣ намудан, ба Вазорати маориф ва илм, инчунин, дигар мақомоти дахлдор пешниҳод карда мешавад, ки ба хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишвар ва, ҳамчунин, ба омӯзгор ва зодмандони онҳо, дарсҳои махсус доир ба истифодаи оқилонаи интернет гузаронда шаванд.
Насли руҳан ва ҷисман солимро мебояд аз ҳозир сохт!
Латифабону РУСТАМЗОДА,
“Ҷумҳурият”