Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бо таассуф изҳор доштанд, ки солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст. Пешвои миллат бо зикри ин матлаб аз таъсири чунин зуҳуроти номатлуб ба мақому ҷойгоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии Тоҷикистон, ки ҳамчун кишвари дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ташаббускору пешсаф эътироф гардидааст, ҳушдор доданд, ки раванди мазкур бояд мавриди омӯзиши амиқ ва барои ҳар яки мо қобили дарк бошад.
Воқеан, яке аз зуҳуроте, ки солҳои охир ҷомеаи моро нигарон кардааст, гаравиши бархе аз шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон, ба таассубу ифроти динию мазҳабӣ мебошад. Бештари ҷавонон дар мавриди масоили гуногуни иҷтимоӣ, бахусус динӣ андешаҳои худро бо оҳанги нисбатан тунд баён мекунанд. Бо вуҷуди надоштани маълумоти кофӣ дар хусуси дину мазҳаб, рафтори одамонро қазоват мекунанд. Дар бораашон, аз номи Худову расул, ҳукм мебароранд. Бешак, ин гуна афрод маърифати казоӣ перомуни аҳкоми шариат надоранд, балки тундраву пайравӣ ақидаҳои иртиҷоӣ ҳастанд.
Мусаллам аст, ки зуҳуроти таассубгароӣ ва афроди мутаассиб дар ҳама давру замон ҷомеаро ноором месозанд. Мардумро ба гумроҳӣ мебаранд. Донишмандону олимонро носазо мегӯянд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳаёт ва фаъолияти яке аз шахсиятҳои бузурги на танҳо миллӣ, балки ҷаҳонӣ Абуалӣ ибни Сино буда метавонад, ки дар замонаш ба ӯ муҳри куфру бединӣ зада буданд. Дар ҳоле ки Синои нобиға барои башарият дари илми тибро боз намуд. Мардумро ба воқеияти илмӣ ошно сохт. Аммо бар ивази ин ҳама ӯро туҳмат заданд. Озор доданд. Ҳама он каҷрафториро барои чунин як мутафаккир, мутаассибони замонаш карданд, ки кӯр-кӯрона ба касеву чизе гӯш медоданд. Синои бузург ҳам дар ҷавоб ба мутаассибони давраш мегӯяд:
Бо ин ду се нодон ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд,
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофараш мехонанд.
Ин қабил одамон, мутаассифона, дар замони мо ҳам ҳастанд ва мехоҳанд кореро анҷом бидиҳанд, ки ҳамкешонашон ба Рӯдакиву Фирдавсиву Сино кардаанд. Пофишорию якравӣ дар хусуси масъалаҳои гуногун онҳоро ба дараҷаи ифрот мебарад ва шак нест, ки онҳо ба зудӣ ба доми пайравони гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ меафтанд.
Коршиносон бар он назаранд, ки таассуб навъе аз ҳолати руҳию равонии шахсест, ки бар эҳсосот асос дорад, на ба ақл, аз ин рӯ, таассуби динӣ заминаи асосии равонии экстремизм ва терроризми динӣ гаштааст. Аз ин ҷост, ки онҳо бо такя бо донистаҳои ботили худ гӯё барои ризои Худо ва ба хотири ҳифзи донишҳои ибтидоии худашон амал карда, ҳар масъаларо дар чорчӯбаи танги биниши хеш баҳо медиҳанд ва баррасӣ мекунанд. Бино бар ин, ба як қатор масъалаҳои ҷузъӣ муносибати хашин нишон медиҳанд. Масалан, имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни дунё террористоне, ки худро дар миёни издиҳом инфиҷор мекунанд, аз ҳамин қабиланд. Онҳо ақидаҳои радикалии худро ҳақ гумон мекунанд ва ба хотири он тайёранд, худро қурбон кунанд. Ҳол он ки худкушӣ на ҷиҳод, балки гуноҳи азим ва хилофи таълимоту талаботи дини мубини Ислом мебошад. Ин худкушҳо ба хотири татбиқи ақидаи ғалати хеш ҳаёти маънавиашонро ба нобудӣ мерасонанд, боз ҷони чандин афроди бегуноҳ, занону кӯдаконро мерабоянд. Дар ин бора, Сарвари давлат дар мулоқоташон бо ходимони дин аз ояти 95-уми сураи “Бақара”-и Қуръони маҷид ёдовар шудаанд, ки бисёр бамаврид аст: “Хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат наафканед”.
Тавре Сарвари давлат дар суханрониашон зикр намуданд, ин амалҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳо тарҳрезӣ мешаванд ва онҳо аз бемаърифативу бетаҷрибагӣ ва ноогоҳии баъзе ҷавонони мо истифода мекунанд.
Пас, саволи матраҳ ин аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон ва огоҳ сохтани онҳо аз авзои имрӯзаи ҷаҳон чӣ бояд кард?
Тағоймуродзода Муҳаммад, доктори илмҳои фалсафа PhD, дар посух ба ин савол мегӯяд, ки бояд воситаҳои муосири мубориза бо таассубгароиро ҷустуҷӯ намуд ва дар шуури мардум ҷаҳонбинии қавии илмӣ, таҳаммулгароӣ, худшиносӣ ва инкори идеологияи иртиҷоиро парвариш кард. Тавре мушоҳида мешавад, таассубкорӣ ба сифати зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ва хатарнок барои суботи ҷомеа ва омили таназзули давлату миллат маҳсуб ёфта, асоси моддӣ ва маънавии ҷомеаро вайрону халалдор месозад. Аз ин ҷиҳат, истифодаи неруи созандаи давлат ва ҷомеа дар мубориза ба ин раванд хеле муҳим ба шумор меравад. Дар ин росто, оила, мактаб, маориф, сохтору мақомоти давлатӣ ва, дар маҷмуъ, тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб даст ба кор бошанд.
Дарвоқеъ, барои коҳиш додани сатҳи таассубгароӣ миёни ҷавонон, ки оқибат ба ифротгароиву пайвастан ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ мебарад, муборизаи дастаҷамъӣ мебояд. Ҳадди ақал, барои тарбияи фарзандонамон, ки ояндаи ин миллат маҳсуб меёбанд, бетараф набошем.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”