Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дигарбора ба масъалаи тарбияи дурусти ҷавонон таъкид намуда, аз ҷумла иброз доштанд: “Ба мардум, хусусан ба наврасону ҷавонон, фаҳмондани эҳтироми падару модар, шахсони калонсол, одобу ахлоқи ҳамида, бахусус фарҳанги муоширату муомила дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби оиладорӣ ва бисёр масъалаҳои дигари иҷтимоӣ вазифаи имониву виҷдонии ҳар яки мову шумо мебошад...”. Саволи матраҳ ин аст, ки дар баробари муҳимтарин масъалаҳои доғ, амсоли дур мондани бархе аз наврасону ҷавонон аз таълиму тарбия, таҳкими таълимоти ғайриқонунии динӣ ва тавсеаи мағзшӯиву шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ боз кадом омилҳое Сарвари давлатро водор намуданд, ки дигарбора сари ин мавзуъ баргарданд? Шодихони Назар, сардабири ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, андешаҳояшро дар ин бора ба хабарнигори рӯзнома иброз дошт:
– Омилҳо зиёданд. Пеш аз ҳама, ҷавонон дар дилхоҳ давру замон қишри фаъоли ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бо назардошти ҳамин хусусияти муҳим, Пешвои муаззами миллат аз замони интихоб шуданашон ба ҳайси Роҳбари давлат ба ҷавонон такя намуда, онҳоро падарвор роҳнамоӣ мекунанд. Имрӯз ҳам қариб дар тамоми баромадҳояшон масъалаи ҷавононро ба миён мегузоранд, ки мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз ин истисно набуд. Таври маълум, дар кишвари мо ҷавонон 70 дарсади аҳолиро ташкил мекунанд ва ин неруи бузургро ҳамвора душманони миллату давлат, чи аз дохил ва чи аз хориҷ, мехоҳанд барои татбиқи нақшаҳои ғаразноки худ истифода намоянд. Мутаассифона, солҳои охир бадхоҳони миллат дар ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ то андозае даст ёфтанд, ки, албатта, боиси нигаронист. Ин нуктаро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар мулоқоти мавриди назар таъкид сохтанд: “Дар ҳоле ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир, ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст”.
Ин омил сабабҳои ба худ хос дорад. Яке аз онҳо суиистифода шудани ҷавонон аз ҷониби ба ном муллоҳову бархе ходимони дин аст. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо бархе аз ходимони дин манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои миллию давлатӣ боло гузошта, ба тарғиби арзишҳои бегона машғуланд, ки ин зуҳурот низ аз назари Пешвои миллат зимни мулоқот дур намонд: “Дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ суиистифода аз дин ва арзишҳои динӣ аз ҷониби қишри руҳоният боис гардидааст, ки дар зеҳни мардум доир ба мақому шахсияти онҳо тасаввури ғалат пайдо гардад. Дар натиҷа, баъзеҳо мулло ё ходими дин буданро касб медонанд ва чунин ашхос муллогии худро ҳамчун василаи рӯзгузаронӣ истифода мекунанд”.
Омили дигар, зиёд шудани хурофотпарастӣ миёни ҷомеа ва майл пайдо намудани ҷавонон ба чунин корҳо мебошад. Дар ҷомеаи мо гурӯҳҳои манфиатхоҳ то андозае тавонистанд, ислом ва динро аз мардум дур сохтанд. Чунон динро мураккабу мушкил нишон доданд, ки ҷавон бояд ба моҳияти асосии он сарфаҳм наравад. Ин нукта низ дар мулоқоти мазкур аз забони Пешвои миллат махсус таъкид гашт: “Ҷавонон аз кишварҳои исломӣ дар пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии дунё таҳсил мекунанд, вале мардуми мо ҳанӯз дар фикри чи савоб асту чи убол, чи ҳалол асту чи ҳаром, ҷойнамозро чӣ гуна партоем, салларо чӣ хел бандем, ҳаҷравӣ, умраравӣ ва ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон банд мондаанд”.
Дар давраҳои зиёди таърихӣ манфиатхоҳон суиистифода аз дин ва эътиқоди мардум ҳадафҳои нопоки худро пиёда кардаанд ва ин омил дар замони муосир хусусияти бештар касб намудааст. Сарвари давлат дар ҳама баромадҳояшон ба ҷавонон таъкид мекунанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Чунин таъкидҳо, албатта, бе сабаб нестанд, зеро миллати тоҷик дар тули таърих ба чунин ҳолатҳо зиёд рӯ ба рӯ шудаасту қурбонии зиёд дорад. Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум бошад, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат маҳсуб меёфт:
– Тибқи маълумоти аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон”, Давлати Сомониён дар заминаи худогоҳиву бедории шуури миллӣ ташаккул ёфта, 124 сол фаъолият кард ва маҳз дар натиҷаи тундгароии динӣ ва бегонапарастӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардид. Руҳониёни асолату ҳувиятбохта барои дастгирии бегонаҳо, ки ҳадафи ғасби давлати миллии тоҷиконро доштанд, замина муҳайё карданд, – таъкид намуданд Пешвои миллат.
Тавре ишора намудем, яке аз омилҳои дигари ташвишовар ин авҷ гирифтани бегонапарастӣ миёни ҷомеа мебошад. Дар мулоқот ин нукта ҳам маврди баррасӣ қарор гирифт. Ин тамоюл то ҳадде рушд намудааст, ки бархеҳо, ҳатто ифтихор аз тоҷик буданро шарти асосӣ дар муқоиса ба дин намешуморанд. Зимни баррасии ин омил Сарвари давлат бо ифтихор гуфтанд: “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон”.
Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонону нав-расон ба омӯзиши илму донишҳои дунявӣ, танҳо кори мактабу омӯзгор нест. Ходимони дин низ метавонанд дар ислоҳи маънавиёти ҷомеа, пешгирӣ кардани бадахлоқиву ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои номатлуб саҳмгузор бошанд. Бояд ибораи “Аввал тоҷикаму баъдан мусулмон” шиори ҳамаи мардуми тоҷик, махсусан ходимони дин, бошаду дар замони мураккаби “сиёсатҳои дугона” онҳо тарғибгари асосии ин шиор.
Руҳафзо МУРОДОВА,
“Ҷумҳурият”