29-уми апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузоришаванда дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, хусусан дар таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳсозии сифати хизматрасониҳои коммуналӣ баррасӣ шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонк барои робитаҳои пайваста ва судманд давоми 30 соли ҳамкорӣ сипос гуфта, таъкид доштанд: “Мо сатҳи имрӯзаи ҳамкориямонро бо Бонк баланд арзёбӣ менамоем ва ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди кишвар аз он умедвориҳои калон дорем”.
Дар робита ба таъсири манфии омилҳои беруна ба баъзе нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон ва дастгирии тобоварии иқтисодиёт ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ҷалби бештари сармоя ва идомаи раванди ислоҳот зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки ҷудо намудани маблағҳои грантию имтиёзнок аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии раванди ислоҳот, буҷети давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар маҷмуъ, ба устувории рушди иҷтимоиву иқтисодӣ боис мегардад.
Мусоидат ба пешрафти бахшҳои саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъданҳо, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, алалхусус низоми таъминоти оби ошомиданӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисод, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, инчунин маориф ва муҳоҷирати корӣ, аз самтҳои дигари ҳамкорӣ номида шуданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.