Зафар Мирзоён шахси донишманд ва хоксор, фурӯтан буд. Ҳар донишманд, ҳар инсони накукорро эҳтиром мекарду арҷ мегузошт.
Аз таърих ва адабиёти гузаштаи мо ва ҷаҳон огоҳии комил дошт. Ҳаргиз андешаи нафареро, ки бо ӯ баҳс мекард, рад наменамуд. Дар ин маврид андешаи худро иброз медошт, то мубоҳису мусоҳиб дар қиёс ва баррасӣ бартариву моҳияти якеро бипазирад.
Донандаи хуби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ буд ва моҳияту мавқеи онро барои шинохти миллату тамаддуну расму оинҳо ба дигарон мегуфту менавишт. Маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода буд. Ба ин васила дар тарбияи ватандӯстӣ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, шинохти шахсияту истеъдоди муаллифи асари ҷовидонӣ ва эътирофшудаи ҷаҳон саҳми чашмрас мегирифт.
Дониши васеву мукаммал дошт ва ҳам таҷрибаи кору рӯзгор. Саховатмандона онҳоро ба дигарон мебахшид.
Бо бухлу кина ҳаргиз ошно набуд ва саъй ба харҷ медод, то агар як нишонеро аз он дар дӯстону ошноён медид, ба тадриҷ, онгуна ҳам, ки наранҷанду эҳсос нанамоянд, рафъ менамуд.
Борҳо шоҳиду шунавандаи баромадҳои илмиаш дар мавзуъҳои фалак, шинохти чакану навъҳои он ва андешаҳову арзишҳои миллӣ будаам. Суханашро содаву фаҳмо ва бо далелҳои муътамаду раднашаванда мегуфт. Баъзе аз онҳоро ба дасти чоп медод. Дигарон дар маърузаҳои илмӣ, корҳои тадқиқотию таҳқиқотияшон аз онҳо истифода мекарданд.
Вақте шунидаму дарёфтам, ки ба донишҷӯён дарс мегӯяд, бештар шод шудам. Яъне, донишу таҷрибаи ӯ ба доираи васеи ихлосмандон, мутахассисони ояндаи кишвар дастрас мешавад.
Бисёре аз хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар суҳбатҳо ва навиштаҳояшон ёдовар шудаанд, ки ӯ дар ин муассисаи таълимӣ ба онҳо дарс мегуфт. Инчунин, ба китобхонӣ, дидани намоишҳои театрӣ ҷалбашон мекард. Китобҳои хондашуда, намоишҳои дидаашонро таҳлилу баррасӣ мекарданд ва асрори онҳоро мекушод, мақсаду моҳияташонро дар тарбияи дурусти инсон мефаҳмонд.
Суҳбаташ хушу гуворо ва ҷолиб буд. Дар ин ҳангом ҳеҷ эҳсоси хастагиро намекардӣ. Пас аз он дармеёфтӣ, ки дар кадом хами роҳ аз ҳафт шаҳр қарор дорӣ ва бояд ба куҷо рӯ биёриву чӣ сон биравӣ.
Аз «Шоҳнома» ва дигар адибони классику муосирамон шеъри бисёр аз ёд медонист ва онро дар маҳфилу суҳбатҳо мехонд. Задаҳои мантиқиро дар ҷойи худ мегузошт ва ба вазну тарзи хониши онҳо аҳамияти махсус медод. Маъниро дар ин маврид метавонист, ки ба шунавандааш бе мушкилӣ бирасонад.
Чанд соли охир ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва кормандони он дар иртиботи қавӣ буд. Матлабҳои ҷолибу хонданиву зарурӣ менавишту дар он нашр мекард. Хонандагон ба мақолаҳои таърихиву таҳлилии ӯ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуданд.
Дар озмунҳои таъсисдодаи ин нашрия ширкати фаъол дошт. Матолиби навиштааш арзандаи ҷойҳои таъсисдода мешуданд. Чун ғолибияти ӯ дар озмунҳо эълон мегардид, ҳеҷ кас ба он ба назари шубҳа наменигарист.
Боиси ифтихори мо – кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» аст, ки ӯ аз ин идора барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод шуд ва онро сазовор гардид.
Аҳли эҷоди «Ҷумҳурият» ӯро самимона дӯст медоштанд ва қариб дар ҳамаи чорабиниҳо, нишастҳо даъваташ мекарданд. Ҳузури ин шахсияти нотакрор ба ҳама шодиву фараҳ мебахшид.
Хабари беморӣ ва баъдҳо маргаш ҳамаи моро андуҳгин сохт. Мо – ҳама, охир, ӯро дӯст медоштем ва эҳтиром мегузоштем. Оре, мисли як бародари бузург ва ҳамкори ғамхору меҳрубон, чун баробарамон дар андешаи беҳбудии матолиби нашрия ва зебо ба табъ расидани он буд.
Бо ин ҳама ҳеҷ намепиндорем, ки моро барои умре тарк гуфтааст. Гумон мекунем, ки имрӯз ва ё фардо дар роҳрави идора пайдо мешавад ва бо ҳамон табассуми зебо, самимияти хос аҳвол мепурсаду мегӯяд матлаберо барои нашр дар рӯзнома овардааст.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»