30-юми апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмуи масоили дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.
– Боиси хушнудист, ки шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоми соҳаҳо босуръат густариш меёбад ва мо манфиатдорем, ки заминаи ҳамкории ду кишвар минбаъд ҳам мустаҳкам шавад, – изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.
Олжас Бектенов дар навбати худ чунин гуфт:
– Дар Қазоқистон нақши Шуморо ҷиҳати ташаккул ва рушди муносибатҳои ду кишвар баланд арзёбӣ менамоянд. Тоҷикистонро мо шарики боэътимоди стратегӣ ва ҳампаймон медонем. Байни кишварҳои мо ҳеҷ масъалаи ҳалношуда набуд ва нест, ҳамаи онҳо дар руҳияи ҳампаймонӣ ва бародарӣ ҳал мешаванд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ, матраҳ карданд. Таъкид гардид, ки соли гузашта гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди як миллиарду яксаду панҷоҳ миллион доллари ИМА-ро ташкил дод ва барои боло бурдани ин нишондод тадбирҳои муштарак андешидан лозим аст.
Зарур дониста шуд, ки дар ин самт иқтидори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ бештар истифода шавад ва иҷрои шартномаву қарордодҳои ба маблағи, тақрибан, се миллиард доллар қаблан басташуда зери назорат бошад. Ҷалби сармоя ба соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судовари саноати сабук ва кӯҳӣ, хӯрокворӣ, кимиё, металлургияи ранга, мошинсозӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ муҳим шумурда шуд.
Тавре бо итминони комил изҳор гардид, Тоҷикистону Қазоқистон метавонанд татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми саноатиро ба роҳ монанд, ки ба манфиати ҳар ду кишвар мебошад.
Мусоҳибон таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти ин соҳаи иқтисоди Тоҷикистонро ба Қазоқистон аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ донистанд.
Ҳамкории кишварҳо дар соҳаи истифода аз захираҳои об ва коммуникатсияҳои нақлиётию транзитӣ намунаи барҷастаи ҳамсоягии неки минтақавӣ номида шуд.
Дар ин замина, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ, ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими мусофиркашониро тавассути нақлиёти заминӣ ва дубора оғоз гардидани хатсайрҳои нақлиёти ҳавоиро миёни пойтахтҳои ду кишвар таъкид карданд.
Таҳкиму тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ҷонибҳо дониста шуд. Ҳамчунин, ҷадвали мулоқоту музокироти дарпешистодаи дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкории кишварҳоро дар ҷаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Хазинаи наҷоти Арал ва дар қолаби вохӯриҳои машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ матраҳ намуданд.