Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият дар самти кор бо занон ва оила, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва коҳиш додани ҳолатҳои номатлуб дар ҷомеа бо аҳли ҷамоатчигии пойтахти мамлакат ҷаласаи сайёр баргузор шуд.
Дар он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҳусни ифтитоҳ бахшид ва сипас ҳисоботҳои сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Ашурова ва мудирони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои пойтахт оид ба фаъолияти соҳа дар семоҳаи аввали соли 2024 шунида шуд.
Дар баромади худ муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, бавижа занону бонувон, дастгириву ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар дар пешбурди сиёсати мамлакат дар самти кор бо занон ва оила тамоми неруи созандаро равона намоянд.
Дар охир раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода оид ба ҷоннок намудани корҳо дар самти соҳаи занон ва бартараф кардани камбудиҳо ба масъулон дастурҳои мушаххас дод.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»