Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки аз моҳи феврали соли равон дар кишвар идома дошт, беҳтаринҳоро муайян намуд. Даври ҷумҳуриявии он дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ғолибон бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок намуданд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд.
Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи номинатсияҳои «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин» ва «Шаҳри беҳтарин» баргузор шуд. Шаҳри Душанбе, ки гулҳои лола бо рангу шаклҳои мухталиф боғу гулгашт, чаману канори хиёбону кӯчаҳо ва боғчаҳои назди ҳавлиҳоро боз ҳам зеботару хушбӯтар гардондааст, сазовори Шоҳҷоизаи Озмун гашт.
Ҳамчунин, Боғи ба номи Аҳмади Дониш, гулгашти назди гардиши Сирки давлатӣ, маҳаллаи Борбади ноҳияи Сино, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ, Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон, Ҷамоати Сарбанди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, инчунин, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар номинаҳои алоҳида сазовори ҷойи якум шуданд.
Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки фестивал тибқи амри Президенти ҷумҳурӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуда, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”