9 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти суҳбат маҷмуи васеи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории кишварҳо, ки бемайлон тавсеа ёфта, соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифтаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамёрӣ пешниҳод гардид, ки кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, фаъолияти Шурои тиҷоратӣ ҷоннок карда шаванд.
Рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту боркашонӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи долонҳои нақлиётии Туркманистон аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ фаъол гардидани робитаҳо ва ҳамкориҳои байнипарлумониро, ки дар пешбурди тамоми маҷмуи муносибатҳои ду мамлакат нақши муҳим доранд, зикр намуданд.
Дар мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкории гуманитарии давлатҳо идомаи тадбирҳо барои гузарондани конфронсҳои якҷояи байналхалқии илмию амалӣ, фестивалҳо, симпозиумҳо, инчунин ташкил намудани вохӯриҳои аҳли зиё зарур шумурда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин, вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байналмилалии наҷоти Арал, мулоқотҳои машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ ёфтанд.
Дар фарҷом тарафҳо ҷадвали чорабиниҳо ва мулоқоту тамосҳои дуҷонибаи дарпешистодаро мавриди назар қарор доданд.