Дар шаҳри Банҷули Ҷумҳурии Гамбия ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ барои омодагӣ ба Саммити дарпешистода баргузор гашт.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки ҳайати Тоҷикистон, дар ҳошияи ҷаласа якчанд мулоқот анҷом дод. Аз ҷумла, дар вохӯрӣ бо дабири кулли Созмон Ҳусайн Иброҳим Тоҳо масъалаҳои ҳамкории ҷумҳурии мо ва ин Созмон баррасӣ шуда, атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон мулоқот намуд.
Тавре ба мо аз ВКХ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Омодагии Корпоратсияи байналмилалии маблағгузории савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошкент вохӯрии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода бо директори Корпоратсияи байналмилалии маблағгузории савдо (ITFC) ва Корпоратсияи рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳани Салем Сонбол баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот оид ба иқтидори содиротии мамлакат сухан рафт. Аз директори ITFC даъват ба амал оварда шуд, ки дар соҳаҳои энергияи барқароршаванда, рушди бахши хусусӣ ва тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои афзалиятнокро татбиқ намоянд.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Фаластин дар самти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Душанбе зимни вохӯрии масъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин баррасӣ шуд.
Аз Кумита ба мо иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Тоҷикистон ба сармоягузорони фаластинӣ вобаста ба имконияти сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки мамлакат маълумот пешниҳод гардид.