Баргашт Чоп кардан

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

«ПАХТА. ТО ХОҶАГИҲО ҲАВАСМАНД НАШАВАНД...?»
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мақолаи Имомназари Каримиён, сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Пахта. То хоҷагиҳо ҳавасманд нашаванд…», ки 16-уми майи соли 2023 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. 
Бояд гуфт, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои меҳнатталаб буда, барои шудгор, кишт, парвариш ва нашъунамои 1 гектар пахта на кам аз 13 ҳазор сомонӣ сарф мешавад.  Агар деҳқон аз 1 гектар 25 сентнер, яъне 2500 кг ҳосил гирад ва 1 тонна пахтаро бо нархи 8 сомонӣ фурӯшад, аз 1 гектар 7000 сомонӣ фоидаи соф ба  даст меорад. Аммо соли 2023 дар мавсими ҷамъоварии пахта нархи 1 кг пахта дар корхонаҳои пахтақабулкунӣ аз 5 то 7 сомонӣ қабул карда шуд, ки ин боиси нигаронии роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор гардид. 
 
Д. С. РИЗОЗОДА,
сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон