Мавзуи ин китоби тозанашри Қурбоналӣ Раҳимзода на танҳо нав, мубрам аст, балки барои равшан намудани саҳифаи таърихи миллати кишвари мо бисёр муҳим мебошад. Ҷои тааҷҷуб ва пурсиш низ ҳаст, ки ин ниҳод дар асари “Тоҷикон”-и аллома чи гуна инъикос ёфтааст ва бо чи номҳо. Албатта, мурод давраҳои гуногуни таърихист.
Ин дар ҳолест, ки таъсисёбии Иттифоқи касаба дар Тоҷикистон ба соли 1926-и асри гузашта рост меояд. Бо ин ҳама, тавре муаллиф таъкид мекунад, “баъзе масъалаҳои таърихии шаклгирӣ ва ташаккули иттифоқҳои касаба дар сарзамини Осиёи Миёна аз мубоҳисаҳои илмӣ дур мондаанд”.
Ба андешаи ӯ, агарчи ин масъала мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор нагирифта бошад ҳам, заминаҳои таърихии он дар асари аллома равшан муайян шудааст.
Ҳамин тавр, муаллиф зикр мекунад: “... дар “Тоҷикон” бо такя ба мадракҳои авестоӣ мафҳумҳои “шуро”, “иттиҳодия”, “ҳамраъйӣ”, “созмонҳои иҷтимоӣ” ва аз ҳама муҳим, гурӯҳбандии касбу ҳунарҳо бо мафҳумҳои имрӯзаи “принсипи соҳавӣ” дар иттифоқҳои касаба ишора гардидааст.
Бобоҷон Ғафуров барои таҳқиқи масоили баҳсталабу сарпеч, мураккабу мубрами ҳар як давраи таърихӣ сарчашмаҳои нодири мавҷударо мавриди истифода қарор дода, кӯшидааст, ки муҳаққиқони дигарро ҳам ба мубоҳисаҳои илмӣ даъват намояд”.
Қурбоналӣ Раҳимзода дар ин китоб бештар ба ду масъалаи асосӣ: “Нигоҳе ба вазъи тадқиқи масъалаҳои иттифоқҳои касаба” ва “Баъзе аз масъалаҳои иттифоқҳои касаба дар “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” диққати асосиро бештар равона кардааст. Дар ин асар мафҳумҳои косиб, косибон, пешаварон, аҳли ҳунар, иттифоқҳои касаба истифода гардидаанд. Ҳамчунин, ёдоварӣ шудааст, ки масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро дар давраи зардуштия шуро ҳал мекард. Муаллиф бо истифода аз ин шоҳасар ва бо зикри ҳаракатҳои коргарӣ фаъолияту эътирозҳои онҳо дар соли 1910 дар Конибодом, баъдҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳқонони ноҳияи Спитамен ба ин хулоса меояд, ки он ба таъсиси ҳаракати иттифоқи касаба дар Тоҷикистони имрӯза асос гузоштааст. Албатта, шуришҳову ошӯбҳои деҳқонон ва мардумро дар асри гузашта истисно намекунад.
Ҳамин тавр, ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхтани таърих барои гирифтани сабақ ва муайян кардани дурнамои миллат зарур мебошад.
Китоб зери таҳрири Зулҳия Нозакзода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳобил Зокирзода, номзади илмҳои фалсафа, дотсент ба нашр расидааст.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”