Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо сарварии ректори ин муассисаи таълимӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, дар баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ иқдоми шоистаеро роҳандозӣ кардаанд. Аз ҷумла, дар як муддати кӯтоҳ вохӯрии толибилмону устодонро бо шахсиятҳои маъруфи кишвар Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, шоирони халқии Тоҷикистон ва ёдбуди омӯзгори шинохта шодравон Соҷида Акалаева, адибони мутаваффо Саидҷон Ҳакимзода, Ашӯр Сафарро доир намуданд. Мурод аз ин ҳама тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд” мебошад. Ин бор 3-юми майи соли 2024 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Инъикоси ғояҳои ватандӯстӣ, таърихшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ” ба гиромидошти хотираи неки Зафар Мирзоён бахшида шуд.
Конференсияро ректори Донишгоҳ Раҳмон Дилшод Сафарбек бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, адибону донишмандони соҳаи суханшиносӣ Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Абдулқодири Раҳим, Ҳафиз Раҳмон, Давлатбек Хоҷаев, Нодира Ашурова, Шарофат Худойдодова аз фаъолияту дастовардҳои мондагори ин шахсияти фарҳангиву сиёсӣ, донишманди маъруф, шоҳномашиноси варзида, муҳаққиқу адиби шинохтаву эътирофгардида сухан гуфтанд.
Воқеан, тавре зикр шуд, даргузашти Зафар Мирзоён бисёре аз олимон, адибон, омӯзгорону ҳаводорони ӯро дар кишвар маҳзун сохт. Ин иқдоми нек, яъне баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ бори дигар собит сохт, шахсиятҳое, ки барои шинохту пойдориву такомули арзишҳои миллӣ, ривоҷи илму фарҳанг, боло бурдани эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон ҳаёташонро бе дареғ мебахшанд, ҳаргиз намемиранд.
Номе аз хеш дар ҷаҳон бигзор,
Зиндагонӣ барои мурдан нест.
Зафар Мирзоён аз худ номи нек дар ҷаҳон гузошт. Раёсати Донишгоҳ бо сарварии ректори ин муассисаи таълимӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек ду китоби ин муҳаққиқ, нависандаро бо номи “Се шикасти ориёиҳо”, “Бозёфтҳои “Шоҳнома” ба табъ расонданд ва дастраси ҳаводоронаш гардонданд. Дар нақша аст, ки дигар навиштаҳои ин муаллифро ба пуррагӣ нашр мекунанд. Барои гиромидошти хотираи некаш филми мустанад бардоштанд, ки мақсаду мароми зиндагии ӯро дар гузашта бо тамоми паҳлуҳои эҷодияш, фаъолияти пурсамараш бозгӯӣ мекунад. “Анвори дониш”- и нашрияи Донишгоҳ матлабҳои зиёди олимон, адибон ва ҳаводоронашро ба ин муносибат ба табъ расондааст.
Дар мавриди шахсияти нотакрори Зафар Мирзоён аз замони даргузашташ то ба имрӯз барҳақ нигоштаанд.
Раҳмон Дилшод Сафарбек: “Устод Зафар Мирзоён беҳтарин шахсияти ватандӯст шинохта шуда буд. Ӯро чун намоде аз феҳристи фарҳангиёни миллат мешинохтанду эътироф мекарданд. Устод Зафар Мирзоён бо хидматҳои шоёну мондагори худ дар саҳфаи таърихи миллат номи худро бо хатҳои заррин навишт. Ӯ хидматеро барои миллат адо кард, ки даркаш дар тасаввур намегунҷад”.
Абдулҳамид Самад: “Зафари донишманду фарҳангшинос, муаллифи китобҳои “Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллӣ”, “Ниёиши некону покон”, “Худовандгори сухани порсӣ”, “Офаридгори сухан”, “Динпаноҳӣ ва меҳанпарастӣ”, “Бозёфтҳо аз “Шоҳнома”, устод ва профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд. Ва акнун дарк мекунем, ки суҳбату рӯнамоии китобаш “Се шикасти ориёиҳо” дар Донишгоҳ охирин падруд ё видои Зафар ба донишҷӯёну устодон будааст.
Зафар Мирзоён бо мақола ва асарҳояш дар Тоҷикистони азиз ва хориҷа ёрону ҳамфикрони зиёд дошт”.
Хосият Вализода:
“Пур аз ҳарфи равони “Шоҳнома”-ст,
Вуҷудат, ҷумла пайванде, ки дорӣ.
Чу руҳи Восеву пиндори сабзаш
Ба алвонии руъят рӯй орӣ.
Каломи ошно ҷӯшад ба лабҳот,
Раҳи бегонагонро хуш надорӣ”.
Бузургмеҳри Баҳодур:
“Дар дилаш буд асари Фирдавсӣ,
Дар сараш пур самари Фирдавсӣ.
Бо ҳама ишқу муҳаббат ба сухан
Ҳамдилу ҳамгуҳари Фирдавсӣ.
Сари ҳар вожа талотум мекард,
Ҳамгапу ҳамназари Фирдавсӣ”.
Нодира Ашӯрова: “Дар даврони истиқлолият дар Тоҷикистон масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ ва рӯ овардан ба асолати миллӣ пеш омад. Хушбахтона, дар тамоми ин даврон шахсиятҳое буданд, ки асолати миллии худро ҳифз намуда, рисолати фарҳангиву таърихияшонро ҳамчун зиёии миллат аз ёд намебурданд. Ва мисолу намунаи ин шахсият дар чанд даҳсолаи охири таъриху фарҳанги мо устод Зафар Мирзоён мебошад. Имрӯз вақте мақолаҳои сершумори ӯро дар саҳфаҳои нашрияҳо аз назар мегузаронем, аз миқдор ва ҳусни онҳо меболем ва умед мекунем, ки қисми зиёди мақолаҳои устод Мирзоён, ки берун аз китобҳояшон мондаанд, дар қолиби ҷилдҳо ҷамъоварӣ ва нашр мешаванд, зеро навиштаҳои ӯ ҷузъи тафаккур ва таърихи адабиёту фарҳанги миллии мо мебошад”.
Зафар Мирзоён махсусан чанд соли охир бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва кормандони он дар иртиботи қавӣ буд. Матлабҳои муҳиму ҷолиб оид ба масъалаҳои мубрами рӯзро барои ин нашрия менавишт. Ӯ аз ин идораи нашрия барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод гардид ва ба он сазовор гашт.
Зафар Мирзоён бо хидматҳои беназир ва асарҳои пурарзишаш ҳамеша дар ёдҳо хоҳад монд.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”